Панча, кисми интихоии дасту пои одам. Панча даст ва пой хар кадом аз се кисм иборат аст: сарпанча, каф ва ангуштон. Скелети даст аз ду катор устухонхои кутохи сарпанча, ки З-тояшон ба банди даст пайваст мешаванд, устухонхои кафи даст ва устухонхои ангуштон ташкил ёфтааст. Панчаро мушакхои банди даст ба харакат меорад.
Панчаи пой аз 26 устухони сарпанчаи кафи пой ва гуштон иборат буда, тавассути устухони гурзшакли сарпанча ба устухони соки пой пайваст мешавад. Панчаи пойро мушакхои соки пой ба харакат меоранд ва шохахои артерияи кисми пеш ва акиби соки калон аз хун таъмин менамоянд. Иннерватсияи Панчаи пой ба воситаи асабхои соки калон ва хурд ба амал оварда мешавад.