Маълумоти охирин

Панама

Панама (Рanama), Республикаи Панама (Republic of Panama), давлатест дар Америкаи Маркази, дар гарданаи Панама. Дар IIIарк ва Чанубу Шарки бо Колумбия, дар Гарб бо Коста-Рика хамсархад аст. Аз Шимол онро бахри Кариб, аз Чануб укёнуси ром ихота кардаанд. Масохаташ 77,08 хазор км2 (бо зонаи канали Панама). Ахолиаш 1,94 млн нафар 1980). Пойтахташ —шахри Панама. Аз чихати маъмури ба 9 музофот таксим шуда аст.

Сохти давлати. Панама— республика, мувофики конститутсиям соли 1972 хокимияти конунбарор дар ихтиёри Ассамблеяи милли мебошад, ки он президентро ба мухлати 6 сол интихоб мекунад.

Ба системаи суди Суди оли дар хайати 9 нафар аъзо, ки онхоро хокимияти ичроия таъин менамояд, сардори мекунад.

Табиат. Панама дар кисми аз хама камбари Америкаи Маркази (аз 48 то 200 км) чойгир аст. Сохилхои он асосан пастанд. Сохилхои укёнуси Ором серхалич ва серчазираанд. Нисфи территорияи Панама пасти буда, бочимондаашро куххо (баландиашон то 3475 м) ишгол кардаанд. Зуд-зуд зилзила руй медихад. Иклимаш субэкватори, гарм ва сернам, харорорати миёнаи мохона 25—28° С. Боришоти солона 2500—3700 мм. Дар Панама дарёхо бисёранд ва онхо захираи калони гидроэнергетики доранд, аммо киштигард нестанд.

Ахоли. Ахолии асоси — панамагихо. Сокинони махалли — хиндиён дар сохилхои шимолу шаркии Панама ва чангалхои нохияхои чанубу шарки, инчунин дар нохияхои кухии гарби ба микдори кам боки мондаанд. Хамчунин хитоихо, гражданинхои ШМА ва дигарон зиндаги мекунанд. Забони расми — испани. Дини хукмрон — католики, кисми ками оли пайрави мазхаби нротестантист. Шахрхои калон: Панама, Колон.

Очерки таърихи. Дар Панама то омадани мустамликадорони Испания зиёда аз 60 кабилаи хиндуёя зиндаги мекард. Панамаро соли 1501 конкистадори испани Родриго де Бастидас кашф кард. X. Колумб соли 1502 дар резишгохи дарёи Белен дехаи Санта-Мария-де Беленро бунёд кард, вале дере нагузашта онро хиндуён вайрон карданд. Мустамликадорони испани соли 1509 дар сохили халичи Дарёи колонияи нав ва соли 1519 шахри Панамаро бунёд карданд. Панама солхои 1542—1565 тобеи генерал-капитании Гватемала, то 1718 дар хайати ноиб-шохии Перу, сонитар ноиб- шохии Гранадаи Нав буд.

Солхои 1810—1826 чанг барои истиклолияти мустамликахои испани дар Америка вусъат ёфт. Ноябри 1821 шуриш гарданаи Панамаро низ фаро гирифт. Дастахое, ки С. Боливар (рохбари муборизаи миллию озодихохии Гранадаи Нав ва Венесуэла) фиристода буд, ба шуришгарон хамрох шуданд. Баъди чангхои шадид 28 ноябри 1821 Панама аз тобеияти Испа­ния баромадани худро эълон кард ва ба Гранадаи Нав хамрох шуда дар хайати он узви Республикаи федеративии Колумбияи Кабир гардид. Соли 1830 Колумбияи Кабир бархам хурд ва Панама хамчун департамент ба хайати республикаи Гранадаи Нав дохил шуд (аз соли 1886 Колумбия).

3 ноябри 1903 истиклолияти сиёсии Республикаи Панама эълон шуд. Вале худи хамон мох Панама мачбур шуд бо ШМА шартномае бандад, ки мувофики он территорияи Панама, ки дар он ка­нал сохта мешуд, «абадан» ба их­тиёри ШМА мегузашт. Соли 1904 кон­ститутсиям Панама кабул шуд, ки он ба ШМА хукук медод дар ин мамлакат кушунхояшро чойгир кунад.

Онхо барои фуру пишондани хуручхои зидди империалистии халки Панама борхо истифода бурда шуданд. Соли 1928 аввалин иттифокхои касабаи Панама ташкил ёфтанд. Соли 1930 гуруххои коммунисти ба Партияи Коммунис­тии Панама муттахид шуданд.

Бухрони иктисодии чахонии солхои 1929—1933 иктисодиёти мамлакатро хароб ва муносибатхои ШМА ва Панамаро бештар тезу тунд кард. Панама солхои Чанги дуюми чахони (1939—1945) ба Япония, Германия, Италия (1941) расман чанг эълон кард; май 1942 бошад, бо ШМА шартнома баста, 15 хазор га замини худро ба он барои сохрани базаи хаарби ба ичора (то охири чанг) дод. Муборизаи собиткадамонае, ки халки Панама солхои 1947— 1949 барои бархам додани базахои харби бурд, ШМА-ро мачбур кард, ки заминхои солхои чанг ичора ги­рифтаашро ба Панама баргардонад.

Галабаи Револютсияи Куба (1959) ба инкишофи муборизаи миллию озодихохии халки Панама мусоидат кард. Соли 1959 — ибтидои солхои 60 намоишхои умумихалки ба вучуд омаданд ва иштирокчиёни онхо аз америкоихо баргардондани зо­наи канали Панамаро талаб карданд. Аскарони америкои намоиши онхоро тирборон намуданд. Бо талаби халк хукумати Панама алокаи дипломатиашро аз ШМА канд. 11 октябри 1968, баъди табаддулоти харби, ге­нерал О. Торрихос Эрреро ба сари хокимият омад. Хунтаи харби бо сардории Торрихос конститутсияро бекор, Ассамблеяи миллиро пароканда ва фаъолияти тамоми партия­хои сиёсиро манъ кард.

Соли 1970 баъ­ди аз сари хокимият дур кардани як катор аъзоёни реаксионии хун­та хукумати нави Панама доир ба зироаткори, маориф, махдуд намудани даромади монополияхои хоричи ва гайра юслохот гузаронд. Мулки 58 заминдори калон мусодира карда шуд. Соли 1972 ширкати калони электроэнергетикии америкои «Фуэрса и лус» милли кунонида шуд. Августи 1972 интихоботи Алсамблеяи милли гузаронда шуд ва бори аввал дар таърихи мамлакат намояндагони халк ба он интихоб гардиданд. Ассамблеяи милли сентябри 1972 конститутсияи навро маъкул донист.

Соли 1978 дар мамлакат просесси дигаргунсозихои прогрессиси давом кард. Барои тайёр кардани лоихаи конуни аз нав баркарор намудани фаъолияти партияхои сиёси комиссияи махсус ташкил ёфт. Дар кори комиссия коммунистони Панама низ иштирок карданд. 18 апрели 1978 се­ната ШМА Шартномаи навро дар бораи канали Панама тасдик намуд. Шартномаи мазкур то соли 2000 ба республикаи Панама додани канали Панама­ро пешбини менамояд.

Партияхои сиёси ва иттифокхои касаба. Сентябри 1978 дар бораи легали кунондани партияхои сиёси конун баромад. (Фаъолияти партияхои си­ёси аз соли 1968 манъ шуда буд). Пар­тияи револютсиони -д е м о к- р а т и (ПРД; таъсисаш 1978). П а р т и я и  п а н а м и с т и (ПП; таъсисаш асри 19). Партияи халкии Па­нама (ПХП)—партияи коммунистони Панам,таъсисаш 1930. Конфедера­тсияи мехнаткашони Пана­ма (таъсисаш 1950). Мар кази миллии иттифокхои к а с а баи мехнаткашони Пана­ма (таъсисаш 1970).

Хочагии кишлок. Панама мамлакати аграрист. Xочагии кишлоки он бо зироаткори ва чорводори машгул аст. Экспорта асосии мамлакат банан аст. Бананзорхо асосан дар сохилхои укёнуси Ором вокеанд. Соли 1980 1050 хазор т. банан чамъовари карда шуд. Кисми зиёди махсулотро хунармандони хурд медиханд. Панама ба хорича кахва, какао, найшакар мебарорад. Шоли, чуворимакка, тамоку, пахта ва гайра парвариш карда мешавад. Мамлакат соли 1525 хазор гов, 195 хазор хук ва 165 хазор асп дошт. Паррандапарвари низ таракки кардааст. Аз хайвонхои бахри креветка (харчанги бахри) шикор мекунанд.

Саноат. Саноат суст таракки кар­дааст. Корхонахои хурд бештаранд. Иктидори стансияхои электри — 550 хазор кВт (1979). Корхонахои саноати асосан бо коркарди ашёи хоми хочагии кишлок машгуланд. Корхонахои пойафзоли чарми, дузандаги, когазу картон, мебелу фанер ва гайра мавчуданд. Дар Лас-Минас заводи софкории нефт кор мекунад.

Наклиёт. Тули умумии рохи охан 474 км. роххои мошингард 7,8 хазор км. Бандари калонтарин — Панама. Солхои 1980 аз Канали Панама 13,8 хазор кишти гузашт. Аэропорти байналхалки — Токумен дар назднкии пойтахт вокест. Вохиди пул —балбоа. (1 балбоа = 1 доллари ШМА, 1981).

Нигахдории тандурусти. Соли 1974  ба 1000 нафар ахоли 34,5 таваллуд, 5,7 нафар фавт, ба 1000 нафар кудаки навзод 37,6 фавт рост меомад. Беморихои табларза, дил, саратон, сил ва гайра пахн шудаанд. Хизмати тибби дар беморхонахои давлати ва муассисахои сугуртаи ичтимои расонда ме­шавад. Соли 1972 дар Панама 38 беморхонаи дорои 5,7 хазор кат (такрибан 3 кат ба 1000 нафар) буд. 1,2 хазор духтур (1 духтур ба 1,2 хазор нафар), 155 духтури дандон, 60 дорусоз ва такрибан 3 хазор корманди миёнаи тиб кор мекард.

Маориф. Соли 1946 таълими хатмии бачахои 7—15-сола чори шуд. Барои кудакони 5—6-сола муассисахои томактаби мавчуданд. Соли 1972 ба 9,3 хазор кудак 170 богчаи бачагон хизмат мерасонд. Соли тахсили 1972-1973 дар 2127 мактаби ибтидои 305,7 хазор талаба тахсил мекард; дар 2 университет 16,4 хазор студент мехонд. Китобхонаи Университети Панама, Китобхонаи милли, Музеи миллии Панама хастанд.

Матбуот, радио ва телевизион. Соли 1974 дар Панама 16 газета нашр мешуд: газетаи харрузаи «Критика» («Critica»), аз соли 1959; «Матутино” («Еl Маtutino»), аз 1968; «Ора» («La Hora»), аз 1947; «Унидад» («La Unidad»), органи Партияи халкии Па­нама, аз 1973 ва гайра Радио ва телевизион дар ихтиёри ширкатхои хусусианд. Стансияи радиои хукумати «Либертад» аз соли 1971 ва телевизион аа 1959 кор мекунанд.

Адабиёт. Адабиёти халкии Панама (ба забони испани) то миёнаи асри 19 зери таъсири адабиёти Колумбия инкишоф меёфт. Ба туфайли пешрафти иктисодиёту маданият хатто то аз Колумбия чудо шудани Панама саъю кушиш ба вучуд овардани адабиёти милли авч гирифт. Дар ин бобат Чамъияти дустдорони маориф (таъсисаш 1845) роли калон бозид, ки он шоирони романтик X. Колунхе (1837—1899), Т. М. Фёйе (1834—1862) ва X. М. Алеман (1830—1887)-ро ба майдон овард. Намояндагони ба ном мо­дернизм— Д. Эррера (1870—1914), Г. Андреве (1879—1940) ва дигарон дар муборизаи сиёси иштирок дошта ба пешрафти маданияти милли мусоидат мекарданд.

Револютсияи буржузии – демократии Мекси­ка (1910—1917) ва Чанги якуми чахони сабаби ба ду чараён таксим шу­дани ахли адаб гардид. Ашъори Д. Кореи (1899—1957), Д. Эррера Севиляно (1902—1950, мачмуаи «Суруди гулом», 1947) ва дигарон ба масъалахои мухими ичтимои бахшида шудаанд. Дар насри И. де X. Валдес (1902— 1959), X. Э. Уэрта (таваллудаш 1899), М. А. Родригес (таваллудаш 1919) ва дигарон хаёти шахру дехот реалистона тасвир ёфтаанд. Аксари адибон баъди дуюми чахони халкхро ба муборихаи зидди беадолатии ичтимои даъват мекарданд. Романхои С. А. Канданедо (таваллудаш 1906), Р. Осорес (таваллудаш 1910) ба хамин мавзуъ бахшида шудаанд. Новелланависон Э. Чуэс (таваллудаш 1934), X. М. Байярд Лерма (таваллудаш 1937), шоирон Д. Моран (таваллудаш 1932) ва дигарон дар асархои худ муборизаи халкро барои сулх демократия ва зидди имперналистони Америка тасвир кардаанд.

Меъмори ва санъати тасвири. Ма-данияти кадимаи хиндуёни Панама (то асри 16) зери таъсири маданияти Мексика, мамлакатхои Америкаи Мар­кази, Колумбия ва гайра ташаккул ёфт. Дар асри 20 дар шахрхои Панама ва Ко­лол комплексхои меъмори ва бинохо дар рухияи чараёнхои хозираи меъмории ШМА сохта туданд (меъморон Г. де Ру, И. Галиндо Валярино, О. Мендес Гуардия анъанаи халкиро низ нстифода бурданд). Дар санъати тасвирии асри 20 накшхои монументалии рамзи, осори наккоши ва портрету мучассамахои Р. Люис, хайкалхои X. М. Улоа, расмхои манзаравии X. Ф. Аросемена ва дигарон макоми махсус доранд. Санъати халкии хиндуён низ басо гуногунранг аст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …