Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Палинология

Палинология

Палинология (аз юн. раline — гарди майда ва …логия), илмест, ки гард ва спораи растанихоро меомузад. Яке аз фаслхои Палинология палино- морфология аст, ки шаклу сохт ва инкишофи спораю донахои гард, пардаи онхо (экзоспория ва перис­пория)-ро меомузад.

Вазифаи Палинология аз инхо иборат аст: дар систематикаи растанихо истифода бурдани усулхои тадкики мукоисавию палиноморфологи (палипотаксономия); омухтани пергаи (гарди гуле, ки занбури асал чамъ мекунад) таркиби асал (мелиттотсалинология); муайян намудани сабаби пайдоиши баъзе намудхои аллергия (Палинологияи тибби); дар криминалистика истифода бурдани тахлили споравию гарди (Палинологияи суди); муайян кардани усулхои истифодаи спораю гард дар рехтагари; тадкики конуниятхои пахншави ва гуршавии (фоссилизатсияи) гарду спорадо ва инчунин тахлили гарду спорахои чинсхои тахшини, торфхо ва гайра ба максади халли масъалахои палеоботаника, геоморфоло­гия ва стратиграфия.

Дар Точикистон низ ба туфайли тарадкиёти ге­ология Палинологияи чинсхои тахнишинии мезо­зой ва кайнозой хеле инкишоф ёфт. Палинологияи растанихои муосирро Институти бо­таникаи АФ РСС Точикистон меомузад.

Ад.: Н е й ш т а д т М. И., Палиноло­гия в СССР (1952—57), М., 1060; Пахо­мов М. М., Клопотовская Н. Б„ Палинология кайнозоя Средней Азии и Кавказа (история и аннотированная биб­лиография, 1031—>1975′), Д.. 1970.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.