Маълумоти охирин
Главная / Илм / Палеопатология

Палеопатология

Палеопатология (аз палео… ва патология), илмест дар бораи тагйироти касалихои растани ва хайвонхое, ки замонхои кадим дар руи За­мин зистаанд. Осори касали ва чарохат дар одам хам дар тамоми дав­раи ташаккули он (аз питекантрон ва неандерталихо сар карда) мушохида шуда аст. Дар натичаи тадкики палеопатологи сабабхои пайдоиши касали, басомади руйдихи ва пахншавии онхо, инчунин савияи дони­ши табибони халки омухта • меша­вад (ниг. Тибби халки).

Чунончи пеш гумон доштанд, ки сокинони Европаи Кадим ба касалии сифилис гирифтор намешуданд ва онро аз Америка овардаанд. Бозёфтхои муътамад исбот кардаанд, ки аслан ин тавр нест. Сифилис аз давраи нео­лит сар карда дар Европаи Кадим баст дошт (аз чумла олимони совети Д. Г. Рохлин ва А. Е. Рубашёв ходисаи аз сифилис осеб дидани устухони сокини Забайкалияи асри 1 то мелодро баён кардаанд).

Палеопотология усулхои тахлили анатомии устухонро аз хафриёти археологи, рентгенографонии он, тадкики мик­роскопи ва усули стереомикроскопониро истифода мебарад. Музейхои Палеопатологияи одам, ки кадимтарини онхо дар Париж вокест, ахамияти бузурги илми доранд. Дар СССР музеи Палеопатологияи назди кафедраи рентгенология ва радиологияи Институти тиббии 1-уми Ленин­град коллексияи нисбатан бой дорад.

Ад.: Рохлин Д. Г., Болеани древних людей. (Кости людей различных эпох — нормальные и патологически изменен­ные), М.— Л., 1965; Дэрумс В. Я., Бо­лезни и врачевание в древней Прибал­тике, Рига, 1970.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …