Маълумоти охирин
Главная / Илм / Палеонтология

Палеонтология

Палеонтология (аз. палео…, юн. оn, оntos—мавчудот ва логия), илмест, ки аломатхои зухуроти хаёт ва тахаввули таърихи организмхои даврахои гузаштаи геологиро меомузад. Аз руи мавзуи тадкикот Палеонтология илми биологи буда, бо ге­ология робитаи зич дорад. Геология илова бар он, ки аз маълумотхои Палеонтология фаровон истифода мебарад, чун манбаи ахбороти гуногун оид ба мухити хаёти даврахои геологи низ хизмат мекунад. Махз хамин робита Палеонлтомияро чун илми том дар бораи инкишофи олами зинда пойдор гардонида, барои фахмидани таърихи геологии биосфераи Замин имконият фарохам меоварад.

Палеонотомия ба кисматхои зерин чудо мешавад: палеозоология, палеоботаника, микропадеонтология (микроорганизмхои кадима, соддатаринхо, остракодхо, зоо-ва фитопланктон, бактерияхо ва гайраро меомузад), пале­оэкология (алокаи организмхои хафриётиро бо мухити атроф ва муносибати хамдлгарии онхоро меомузад), палеогеография (вобаста ба тахавву­ли иклим, тектоника ва просессхои дигар конунияти пахншавии географии организмхоро меомузад), палеоихнология (аломатхои зухуроти хаёти организмхоро меомузад), тафономия (конунияти аз биосфера ба литосфера гузаштани бокимондахои органикиро меомузад), палеобиогеография (конунияти пахншавии организмхоро дар гузаштаи геологи меомузад).

Маълумотхо оид ба сангшавии бокимондаи организмхои мурдарафта хануз ба файласуфхои табиатшиноси акидаи (Ксенофан, Ксант, Геродот, Теофраст, Аресту ва дигар) маълум буд. Масалан, ба акидаи Арасту осори гушмохихое, ки дар куххо ёфт мешаванд, дар бораи як вактхо бахр будани нимахалхо шаходат медиханд. Дар асрхои миёна, вакте ки дар Европа тасаввуроти дини хукмфармо буд, акидахои файласуфхои антика дар асархои олимони форс-точик Абуали ибни Сино ча Абурайхони Беруни инкишоф ёфтанд. Дар давраи Эхё ба туфайли тадкикотхои Леонардо да Винчи, Агрикола ва дигарон табиати сангшавии бокимондахои организмхои мур­дарафта дуруст тафсир шуданд.

Ми­ёнахои асри 18 акидахои М. В. Ломоносов, Ж. Бюффон, Ч. Геттон дар бораи муттасил тагйирёбии табиати зинда, гарчанде ба таври стихияви бошад хам, тарафдорони худро пайдо карданд. К. Линней, агарчи гояи тагйирпазирии намудхоро катъиян рад кард, вале ягонагии организмхои зинда ва хафриётиро эътироф намуд. Аввали асри 19, ки У. Смит дар Британияи Кабир аввалин шуда ба муайян кардани синни нисбии кабатхои тахдинии геологи аз руи бокимондаи хайвоноти бемухра асос гузошт ва дар асоси он харитаи аввалини геологиро (1794) тартиб дод, П. равнаки илми гирифт. Асосгузорони Палеонтологияи илми Ж. Кюве, Ж. Б. Ла­марк, А. Броняр ва дигар буданд. Ж. Кюве дар ташаккули анатомия ва палеонтологияи хайвонхои мухрадор роли калон бозид. У дар натичаи харчониба омухтани устухонхои хафриётии ширхурхо ба Палеонтологияи хайвонхои мухрадор асос гузошт.

Асосгузори Палеонтологияи хайвоноти бемухра Ж. Б. Ламарк муаллифи аввалин назарияи тахаввул мебошад. У чунин мешуморад, ки тагйироти олами орга­ники аз таъсири ду омил—шароити мухити беруна ва дурудароз машк кардан ё накардани узвхо бармеояд. Дар пайдоиши палеоботаника асари ботаники франсави А. Броняр «Таърихи набототи хафриёти» ро­ли халкунанда бозид. Дар асари маз­кур муаллиф набототи хозира ва хафриётиро ба хам мукоиса намуда растанихои кадимаро аз руи систе­маи ботаники ба гуруххо таксим кардааст.

Аввали солхои 40 асри 19 бо кувваи олимони бисёр мамлакатхо чадвали умумии стратиграфии Замин мураттаб ёфт. Солхои 60 асри 19 дар инкишофи Палеонтология мархалаи наве гардид. Аввалхои ин давра бо пайдоиши назарияи эволютсионии Ч. Дарвин алокаманд аст. Ч. Дарвин ба маълумоти сохахои гуногуни илм ва тачрибаи чандинасраи инсоният оид ба парвариши набототи богию хайвоноти хонаги такя намуда, исбот кард, ки олами органикии муосир натичаи эволютсияи дурудароз ва мураккаб аст. Асосгузорн Палеонтологияи эволютсиони В. О Ковалевский мебошад.

Факат баъди тадкикоти у оид ба Палеонтологияи хайвоноти мухрадор ва тадкикоти геологи австрияги М. Неймайр доир ба Палеонтологияи хайвонхои бемухра дарвинизм асоси палеонтологи пайдо кард. Мавкеъхои алохидаи назарияи эволютсиониро палеонтологхои белгияги Л. Долло, америкои Г. Осборн, немис О. Абел аник карданд. Дар Россия ва минбаъд дар СССР дар инкишофи ин гоя олимон А. П. Карпинский, А. П. Павлов, Н. И. Андрусов, А. А. Борисяк, А. Н. Криштофович, Н. Н. Яков­лев, И. А. Ефремов, Л. III. Давиташ­вили ва дигарон хиссаи арзанда гузоштанд.

Палеонтология бо бисёр илмхои биолог, аз чумла морфология, анатомияи мукоисави, генетикаи популятсиони, си­тология, экология ва алалхусус таълимоти эволютсиони робитаи зич дорад ва усулхои тадкикотии ин сохахоро харчониба истифода мебарад. Масалан, халли проблемахои  намуд ва ба вучуд омадани он, омилу суръати тахаввул ва самтхои он факат дар асоси тахлили маълумоти пале­онтологи ва неонтологи имконназир аст.

Палеонтология дар системаи илмхои оид ба Замин мавкеи намоёнро ишгол мекунад. Махз тадкикоти палеонтоло­ги барои муайян намудани синни нисбии кабатхои геологии Замин имконият фарохам овард. Палеонтология бо дигар илмхои геологи (литология, геохи­мия, биогеохимия ва гайра) низ робитаи зич дорад.

Дар СССР тадкикоти палеонтологи дар муассисахои АФ СССР, мактабхои оли ва институтхои гуногуни сохави бурда мешавад. Дар системаи АФ СССР Институти палеонтология (Москва) ва Институти палеобиологияи АФ РСС Гурч.  амал мекунанд. Дар хузури як катор муаосисахои геологи (Институти геологияи АФ СССР, Институти геология ва геофизикаи Шуъбаи сибирии АФ ССОР Институти геологияи АФ РСС Эст.) шуъба ва лабораторияхои Палеонтология ташкил карда шудаанд.

Дар бисёр мамлакатхо (дар Бри­таниян Кабир аз соли 1847 ва Швейтсария 1874) чамъиятхои илмии пале­онтологи вучуд доранд. Чамъияти палеонтологии рус (холо Чамъияти умумииттифоки) соли 1916 таъсис ёфта буд. Дар пахн намудани донишхои палеонтологи Чамъияти москвагии табиатшиносон (аз соли 1940 сексияи палеонтологи дорад) макоми баланд дорад. Соли 1967 дар хузури Институти геологияи АФ РСС Точикистон шуъ­баи Палеонтология ва стратиграфия ташкил ёфт. Палеонтологхои точик дар Шуъбаи точикистонии Чамъняти умумииттифокии палеонтологии муттахид гардидаанд.

Дар СССР натичахои тадкикоти илми оид ба Палеонтология дар «Палеонтологи­ческий журнал» (таъсисаш 1959), «Ежегодник Всесоюзного палеонто­логического общества »  (таъсисаш 1947) ва нашрияхои дигар чоп меша­ванд.

Ад.: Основы палеонтологии. Справоч­ник для палеонтологов и геологов СССР п 15 томах, М„ 11*58—64; Друщиц В. В., Обручёва О. П.. Палеонтоло­гия, М., 1971.          м.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …