Маълумоти охирин
Главная / Илм / Палеоиклимшиноси

Палеоиклимшиноси

Палеоиклимшиноси, (аз па­лео… ва иклимшиноси), илмест дар бораи иклими замонхои пешин ва таърихи иклими Замин. Иклими за­монхои кадим аз руи нишонахои гуногун — таркиби моддахо ва хусусиятхои текстураи чинсхои кухии тахшини, инчунин бокимондаи организмхои хайвоноту наботот ва гайра тачдид карда мешавад.

Палеоиклимшиноси, ки иклими замони кадимро мукаррар менамояд, кисми мухими палеогеография ба шумор меравад. Он бо стратигра­фия ва палеонтология, геоморфоло­гия ва таълимот доир ба сарватхои зеризамини зич алокаманд аст. Натичахои тадкикоти геологи дар асоси коидахои назариявии иклимшиноси, метеорология, география, геофизика ва астрономия тахлилу чамъбаст карда мешаванд.

Бори аввал соли 1686 физик ва мате­матики англис Р. Гук дар асоси бокимондаи организмхои кадими икли­ми замони гузаштаро тачдид кардани шуд. Аммо Палеоиклимшиноси илми танхо солхои 80 асри 19 ба вучуд омад, ки он вакт баробари маьлумоти палеонтологи маълумоти литологиро низ ба сифати нишондихандаи иклими замони кадим истифода мебурдаги шуда буданд, ки он бо омилхои иклими вобастагии зиёде дошта, вазифаи индикаторхои иклимии хеле гаронбахоро ба чо меорад. Масалан, намак аз иклими ариди (гарми камбориш), торф, ангиштсанг ва каолин аз иклими сербориш, охаксанг ва иклими гарм ва моренахо аз иклими хунук дарак медиханд. Нишондихандахон геологии иклими замони кадимро ба 3 гурухи асоси — литологи, палеобо­таники ва палеозоологи чудо мекунанд.

Нишондихандахон лито­логи кариб дар хама чо хастанд; онхо шароити иклимии замони кадимро тавассути хусусият ва суръати просесси фарсоиш, дарачаи дифференсиатсияи чинсхои тахшини ва микёси минералхосилшавии аутигони инъикос менамоянд.

Нишондихандахои пале­оботаники бокимондаи набототи кадимианд, ки дар онхо таъсири иклим, замон ва макони сабзиш акс ёфтааст. Масалан, форматсияи бешахои тропики аз иклими гарми намнок, форматсияи саваннахо ва бешахои сираки ксерофили аз иклими гарми хушк гувохи медиханд; форматсияи бешахои баргрез индикатори иклими муътадил мебошад. Изи халкахои солонаи дарахтон низ индикатори палеоботаники аст ва ин содаро илми дендроиклимшиноеси меомузад.

Нишондхдандахон пале­озоологи бокимондаи организмхои кадимианд, ки иклими давраи мавчудияти худро акс менамоянд. Фаунаи бахри аз давраи ангишт ин чониб ба минтадахои биогеографии тропики ва бореали чудо шудааст. Дар ин минтакахо тафовути режими харорат хеле кам буд. Хайвонхои мухрадори хушки дар давраи девон пайдо шуданд. Ширхурони эраи кай­нозой дар иклим ва шароити гуногун зиндаги карда метавонистанд. Иклими замони кадим асосан аз эраи палеозой ин чониб ва он хам ба таври умуми муайян карда  шудааст.

Дар хар як давраи геологи атмосфераи Замин таркиби худро тагйир медод, микдори буги об кам шуда, роли нисбии оксиген меафзуд. Бинобар ин «таъсири гарми»-и ат­мосфера камтар ва тафовути банки кутбхою экватор бештар гардида буд. Аз нимаи дуюми олигосен хунукихои сахт сар шуда, дар антро­поген авч гирифт. Тагйироти пай дар паи харорат ва намноки боиси бадалшавии даврахои яхбандию байнияхбанди дар арзхои баланд ва иваз шудани иклими плювиалию ксеротерми дар арзхои паст гардид. Палеоиклимшиноси таърихи иклими Заминро омухта, сабабхои пайдоиши сарватхои зеризамини ва шароити зиндаии хайвоноту набототи даврахои гузаштаи геологиро муайян мекунад, тагйиро­ти минбаъдаи иклимро пешгуи менамояд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …