Маълумоти охирин
Главная / Илм / Палеография

Палеография

Палеография (аз палео… ва графин), фанни ёрирасони таърих, ки тарзи навишт, андоза, аломати обгун, ороишот, сарчашмахои хатти, тагйирёбии харфхо дар давраю кишвархои мухталиф ва гайраро меому­зад. Палеография инчунин аз руи алифбо, сабку услуб, хат, имло, когаз, сиёхи, хуруфот, ороишот, нусхахои асли ё китобатшуда, муковабанди, саххофи ва гайра муаллиф, забон, замон ва макони таълифи сарчашмахои хаттиро муайян менамояд.

Истилохи Палеографияро бори аввал дар асри 18 олими франсави Б. Монфокол ба кор бурдааст. Палеография дар ибтидо хату матихои дар ашёи сахт сабтёфтаро намеомухт. Аз нимаи дуюми асри 20 сар карда тамоми сарчашмахои хатти (катибахои руи санг, лавхачахо, папирус ва гайра) мавриди тадкики Палеография карор гирифтанд. Холо Палеография ёдгорихои хаттиро бо эпиграфика, сфрагисти­ка, нумизматика якчоя меомузад. Криптография сохаи махсуси Палеография бу­да, бо тахкики хатхои махсус маш­гул аст.

Палеография бо илмхои забоншиноси, маятшиноси, таърих, таърихи адабиёт, таърихи санъат, химия, физика ва гайра алока дошта, дар халли бисёр масъалахо ба онхо ёри мерасонад. Масалан, маълум шуд, ки бори нахуст халкхои Осиёи Миёна баъди ба хайати давлати Хахоманишиён дохил шудан бо хату имло шинос гаштаанд.

Дар ин чойхо аввал забон ва хати ороми пахн гашта, дертар аз он системахои хати порти, форси, сугди ва хоразми ба бучуд омаданд. Ин системахо дар Осиёи Миёна ва Эрон то истилои араб боки монданд. Пас аз истилои араб дар Мовароуннахр забон ва алифбои араби чори гардид. Палеография аз руи алифбою забон ба Палеографияи юнони, лотини, араби, славянию руси, армани, хинди, турки ва гайра чудо мешавад.

Палеографияи араби ёдгорихои бо хуруфоти араби ба забонхои гуногун навишташударо меомузад.

Холо дар Точикистон кормандони АФ республика бо тадкикоти палеограф машгуланд.

Ад.:     Гафуров Б. Г., Таджики.

Древнейшая, древняя и средневековая история. М.,        1972; Мухторов А.,

Эпиграфические памятники Кухистана (XI—XIX вв.), кн. 1—2, Д., 1978—79.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …