Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Палеогеография

Палеогеография

Палеогеография (аз пале о… ва география), илмест дар бораи шароитхои табиию географии замонхои гузаштаи геологи Палеогеография як кисми геологияи таърихи буда, барои омухтани таърихи инкишофи кишри Замин ва умуман Замин маълумот медихад. Дар айни хол Палеогеография як кисми географияи табиии умумист, ки шароитхои табиию географии гузаштаро бо максади фахмидани табиати имрузаи Замин меомузад. Палеогеография ба тадкики муфассали чинсхои кухи, тар­киби бокимондахои органикии онхо, структура, текстура, тарзи чойгиршавии чинсхо ва гайрахо асос ёфтааст. Палеогеография бо таълимот доир ба фасияхо, лито­логия, стратиграфия, тектоника, па­леонтология, палеоэкология, иклимшиноси ва геофизика зич алокаманд аст.

Палеогеография хамчун илкми мустакил дар миёнахои асри 19 ба вучуд омад. Дар асоси маълумотхои биостратиграфи тайёр кардани шкалаи нисбии геохронологи, пайдоиши таълимот доир ба фасияхо, ба туфайли геологи анг- лис Ч. Лайел асоснок гардидани усули актуалиам ва мураттаб ёфтани харитахои гуногуни палеогеографи ба­рои илми Палеогеография заминаи зарури фарохам оварданд.

Аз солхои 30 асри 20 инчониб тачдидхои палеогеографи ба мухимтарин воситаи чустучуи сарватхои зеризамини (нефт, газ, ангишт, на­макхои гуногун, боксит фосфорит, алмос ва гайра) табдил ёфтанд. Яке аз асосхои Палеогеография— таълимот доир ба фа­сияхо (У. Твепхофел, Д. В. Наливкин) беш аз пеш такмил меёбад. Гуногунии усулхои тадкикот боиси ба вучуд омадани як катор равияхои Палеогеография гардиданд, ки онхо чихатхои гуногуни шароити табиию географии замонхои гузаштаи геологиро меомузанд.

Равияи п алеоэлологи таркиб ва дигар хусусиятхои чинсхои тахшини, аз чумла бокимондахои органикии хайвоноту набототи даврахои гузаштаи геологиро тадкик менамояд; инчунин хавзахои об, алокаи онхоро бо бахрхои хамсоя, шароити, иклими, дарачаи шурии об ва дигар хусусиятхои хавзахоро муайян мекунад.

Равияи терригению мине­ралоги аз кадом нохияхо шуста шудан, бо кадом роххо кучидан ва дар кучохо чамъ шудани тахшинхоро, ки аз чинспорахо таркиб ёфтаанд, мукаррар менамояд.

Равияи геохимияви шури ва хусусиятхои физикию химиявии хавзахои кадимии об, инкишофи тадричии таркиби онхо, инчунин таркиби атмосфераи замони гузаш­таро дар асоси омухтани минералхои аутигени (дар як 40 пайдо ва ёфтшуда), консентратсия ва таносуби алементхои ба худ хос (Сl, F, В, Вг, Са, Мg, Sг) ва дар чинсхои гилию карбонати санчидани дарачаи оксидшавии охан РеО (Ре2Оз)-ро муайян мекунад.

Палеогеографияи д и н амики рафти инкишоф ва тагйирёбии хавзахои кадимии об, чараёни дарёю бахрхо ва хусусиятхои мухитеро, ки дар он тахшинхо чамъ шудаанд, тадкик менамояд.

Равияи палеотектоники аз солхои 30 ин чониб хеле инкишоф ёфт, ки он просесси чудо кардани фасияхо ва тадкики гафсию форма­сияи тахнишастхои кадимаро дар бар мегирад.

П а л е о в у л к о н ш и н о с и ба як фасли махсуси Палеовулконшиноси табдил ёфта­аст, ки бо тачдиди палеогеографии нохияхои вулкондор машгул аст.

Палеогеоморфология бошад, релефи замонхои кадими геологиро тадкик мекунад. Пармакунии каъри укёнус, ки соли 1968 огоз ёфт, имконият дод Палеогеоморфологияи укёнусхо бевосита баркарор карда шавад. Дар дахсолахои охирин дар асоси маълумот­хои чукур парма кардали табакахои тахшинии материкхо дар СССР ва мамлакатхои дигар харитахои калонмасштаб тартиб дода шуданд. Тавассути Палеогеоморфология шароити табиию географи ва таърихи инкишофи геологии бисёр нохияхои Точикистони имруза мукаррар гардиданд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.