Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Палеоген

Палеоген

Палеоген, (аз палео — ва юн. genos — син), давраи (системаи) палеогин,  аввалин давраи эраи кайнозой дар таърихи геологии Замин. Истилохи «Н.»-ро соли 1866 ге­ологи немис К. Наумал пешниход намудааст. Мувофики маълумоти ра­диологи Палеогин 67—70 млн сол пеш аз ин огоз ёфта, 41—43 млн сол давом кардааст. Давраи Палеогин ба замонхои аввал — палеосен, миёна — эосен, охир — олигосен ва тахнишастхои системаи Палеген ба киемхои поён, миёна ва боло таксим мешаванд. Таксимоти аз ин хурд номи махалли дорад. Соли 1935 геологи совети О. С. Вялов тахнишастхои Палеогени Фаргонаро омухта схемаи махалли тартиб дод, ки онро то имруз дар Осиёи Миёна кор мефармоянд.

Дар давраи Палеоген харакатхои пуркуввати тектоники ба амал омаданд. Дар кисми гарбии Америкаи Шимоли ва Чануби просесси баландшавии куххои Кордилера ва Анд давом кард. Дар фурухамидахои атрофи ин куххо табакахои гафси чинсхои вулкони ва терригении пайдоишашон бахрию континенти чамъ шуданд. Дар байни Европа, Африка ва кисми чануби Осиё снстемаи калонн геосинклинали вучуд дошт, ки аз куххои Пиренеи хозира то Бирма тул кашида буд. Дар нимаи дуюми Палеоген дар натичаи кухпайдошави дар сохилхои чануб ва шимол он ду силсилаи чазирахои кухи ба вучуд омаданд.

Кад-кади канори шаркии Африка зонаи кафидахои (чокхои) Африкаи Шарки ба вучуд омад. Дар территорияи Шарки Дур минтакаи геосинклина­ли укёнуси Ором инкишоф ёфт. Ходисахои вулконигзм гайр аз нохияхои ном бурда, дар территорияи Осиёи Хурд, нимчазирахои Балкан, Гренландия, Япония, дар СССР — Закавказия, Кам­чатка, Приморил ва дигар чойхо низ мушохида шуданд.

Трансгрессияи бахрхои палеогени кисми зиёди Нимкураи шимолиро фаро гирифта, дар охирхои эосен ба авчи худ расид. Кисми чануби платформаи Европаи Шарки, плитахои Турон ва Сибири Гарби, Закавказия, Европаи Миёна ва Чануби, Африкаи Шимоли ва дигар чойхо зери оби бахр монданд. Кисми зиёди Точикистони имруза (депрсссияхои Точикистон ва Фаргона, як кисми кухсори Зарафшону Хисор)-ро низ бахрхои эосени пахш карда буданд. Ха­ракатхои тектоникии нимаи аввали олигосен боиси махдудшавии бахрхо гардиданд (гайр аз Европаи Ми­ёна, б. Кариб, хал. Мексика ва гайра).

Дар ин давра иклим бештар конти­ненти гардид. Дар хавзахои геосинклинали флиш ва аз замони олигосен сар карда молассхои бахри чамъ шуданд. Дар хавзаи бахри Миёназамин кабати гафси охаксангхо ва дар платформахо лойкахои карбонати, регхои глауконити ва кварси, опока, трепел, спонголит ва гилхо чамъ омаданд. Дар каъри бахрхои олигосени лойхои сиёхтоб ва доломит ва дар каъри укёнусхои Атлантик, Ором, Хинд лойкахои карбонатию терригени тахшин шуданд. Тахнишастхои континентиро асосан гилу регхои ангиштдор ва гилхои сурх ташкил медоданд.

Фауная хушкии даврайи Палеогеография аз фаунаи давраи табошир хеле фарк мекунад. Дар нимаи аввали Палеогеография бисёр намудхои хазандахо (динозаврххо, калтакалосхои паррон ва калтакалосхои бахри) аз байн рафтанд. Дар ин давра обхокихои давраи хозира ба вучуд омаданд. Махсусан мохихои устухондор бисёр буданд. Намудххи соддатарини ширхурон афзуданд. Аз замони эоцеп сар карда хашаротхурон, хояндахо, приматхо, даррандахо, сумдорхо, хартумдорхо, китшаклхо ва гайрахо пайдо шуданд.

Олами набототи Палеогеография асосан аз растанихои пушидатухм ва лучтухм иборат буд. Аз миёнахои эосен сар карда аксари чинсхои растанихои хозира ба вучуд омаданд.

Дар территорияи СССР тахнишастхои бахрию континентии давраи Палеогеорафия дар куххои Карпат, Украинаи Гарби, Поволжия, Кавкзи Шимоли, Осиёи Ми­ёна, Сибири Гарби бештар пахн шу­данд. Дар тахнишастхои давраи Палеогеорафия аз сарватхои зеризамини ангишти бур, нефту газ, вараксангхои битумдор. кахрабо, манган, маъдани охан, боксит, диатомит, намакхои калий ва гайра мавчуданд. Аз тахнишастхои Палеогеографияи депреосияхои Фаргонаю Точикистон ва водии Зарафшон конхои нефту газ, фосфорит ва масолехи бинокори ёфт шудаанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.