Главная / Гуногун / Пайвастхои сикли

Пайвастхои сикли

Пайвастхои сикли, пайвастхои тасалсул, пайвастхои химиявие (асосан органики), ки молекулаашон аз як ё якчанд халка (ба истилох сикл ё ядро) иборатанд, ки дар яке 3 ё аз ин хам зиёд атом дорад.

JCH

сн,       н,с—сн,          нс хсн

н,с—сн, нас^ ^СН, HCV^CH I        сн,       сн

Халкахои 5 ва 6- узви аз хама маъмуланд, зеро онхо ба осони ташаккул меёбанд. Пайвастхои сиклиро вобаста ба табиати атомхои сиклхосилкунанда ба пайвастхои изосикли ё карбосикли (халкаашон танхо аз атомхои карбон иборатанд) ва гетеросикли (дар халкаашон гайр аз ато­ми карбон як ё якчанд атомхои ди­гар элементхо низ вучуд доранд) чудо мекунанд. Ба гурухи якум пайвастхои алисикли (сиклопропан —  ва сиклопентан—И), пайвастхои аромати (бензол—III), ба гурухи дуюм оксиди этилен (IV), пиридин (V), тетразол (VI) мансубанд.

Дар Пайвастхои сиклие, ки серядроанд, ядрохо аз хам чудо (масалан, дар стилбен — VII) ё бо як банди басит ба хам пайваст мешаванд (масалан, дар дифенил — VIII) ё ки онхо як (IX) ё ду атоми муштарак доранд (масалан, нафталин — X, декалин —XI). Дар байни Пайвастхои сикли катенанхо (XII) гурухи махсусро ташкил медиханд. Молекулаи онхо аз руи принсипи силсилаи мукаррри (аъзо дар аъзо) пайваст шудаанд. Ба Пайвастхои сиклии ноорганики баъзе пайвастхои бор (боразол); фосфор (фосфонитрилхлоридхо), силисий (сиклосилокеанхо) мансубанд. Нигаред низ Химияи органики.

Дар борамон

Инчунин кобед

mugsu

МУГСУ

МУГСУ, дарёест дар pайони Чиргатоли Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон. Аз як шудани дарёхои Селдара ва …