Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пайвастхои органикии металлхо

Пайвастхои органикии металлхо

Пайвастхои органикии металлхо, пайвастнои химиявие, ки дар онхо атоми ягон металл бо ато­ми карбон бевосита пайваст шудааст. Пайвастхои органикии металлхо аз руи банди металл карбон (М — С) ба ду гурух чудо ме­шаванд: 1) пайвастхои органикии элементхои басит (одди) ё худ гайри мутавассит ва мутавассит (бо карбон банди одди — о банд хосил мекунанд); 2) Пайвастхои органикии элементхои мутавассит, ки дар он­хо банди М—С дар натичаи ба орбиталхои номукаммали d (ё 1)-и металлхо гузаштани я-электронхои лигандхо (СО, карбогидридхои аро­мати, этилени, асетилени, сиклопентадиенили ва гайра) ба вучуд меоянд. Чунин пайвастхо я-комплекс номида мешаванд.

Алхол аз Пайвастхои органикии металлхо ин гурухи якум хосилахои Li, Na, К, Rb, Cs, Be, Mg, Ca, Sr, Ba, Zn, Gd, Hg, Al, Ga, Те, Go, Sn, Pb, Sb, Bi, As ва мутавассит Ti, V, Mn, Cu, Ag, Au, Pt пурра омухта шудаанд. Хосиятхои ин пайвастхо аз руи сиришти банди М—С, ки он дар навбати худ асосан аз табиати металл (М) ва инчунин аз сиришт ва адади радикалхои органикие, ки бо атоми металл алокаманданд, вобаста аст. Масалан, дар Пайвастхои органикии металлхои ишкори, ишкорзамини, Zn, Cd, Ai бан­ди M—С сахт поляризасия шудааст, дар зимни ин заряди мусбат кисман дар М ва заряди манфи кисман дар С чой гирифтааст. Аз ин чихат аст, ки ин гуна пайвастхо хеле фаъол буда, аз таъсири об ва оксиген вай­рон мешаванд. Пайвастхои органикии металлхои гурухи якумро бо усулхои зерин хосил мекунанд:

4) Реаксияи галогеналкил ё гало- генарилхо бо М: RHal + 2М -► RM + +iMHal, дар ин 40 М — Li, Be, Mg, Al, Ca, Hg ва P., R — радикали алкил ё арил, Hal — галоген.

2) Реаксияи байни галогениди ме­талл ва галогеналкилхо дар иштироки натрий: Md3+3RCl+3Na-^NaCl+ -fiMRs ва гайра.

Аксарияти Пайвастхои органикии металлхои гурухи якум (гайр аз полимер(Но) дар халкунандахои органики хал мешаванд. Пай­вастхои Hg;, So, Pb захрноканд.

Пайвастхои органикии металлхо ба реаксияхои оксидшави, комплексхосилкуни, худ аз худ ок­сиду баркароршави (диспропорсиони), дезалкилони дохил шуда, ба моддахои органики, С03 ва гайра таъсир мерасонанд.

Пайвастхои арили ва аллили ба­рои як катор металлхои мутавассит, аз кабили Ti, V, Сг, Mn, Fe, Со, Ni, Cu, Nb, Mo, Ru, Rh, Pd, Та, Pt, Au маълуманд. Онхо асосан бо роххои зерин хосил мешаванд:

 

1) Синтез бо истифодаи реактиви Гриняр (RiMgHal, R = СН3| С2Н3 ва Hal — галоген). 2) Реаксияи комплекхои анионии металлхо бо хосилахои галогении моддахои орга­ники ва гайра.

Дар Пайвастхои органикии металлхои гурухи дуюм атоми металл бо хамаи атомхом карбони системаи я-электрони таъсири мутакобила дорад. Ферросен, дибензолхром, сиклобутадиенохантрикарбонил намунахои ин гурухи Пайвастхои органикии металлхо  мебошаыд. Назарияи классикии валент барои тавсифи химиявии навъи мазкури пайвастхо ба кор намеояд (нигаред Валент). Омузиши мукаммали Пайвастхои органикии металлхои гурухи дуюм — л-комплексхо соли 1951 бо кашфи фер­росен [(я -‘CeHehFe] я-дисигклопентадиении охан cap шуда, минбаъд хамчун сохаи алохида таракки ёфт. Роххои гуногуни хосил намудани л – комплексхо кашф шудаанд. Тадкикоти я-комплексхо дар халли бисёр масъалахои химияи органикии назарияви, ба монанди инкишофи мафхуми аромати, бо металлхои .мутавассит пайваст шудани моддахои аз чихати термодинамики ноустувор (сиклобутадиен, сиклооктатриен ва гайра), масъалан таутомерияи валенти ва умуман банди химияви роли асосиро бозид.

Усулхои асосии хосил кардани я -комплексхо:

  1. Реаксиям байни CsHsNa ва галогениди металлхои мутавассит.
  2. Реаксиям байни карбонили металлхо бо олефин ва дигар я-лигандхо. Аксари я-пайвастхои металлхои мутавассит низ аз таъсири обу оксигени хаво вайрон мешаванд. Бинобар ин бо онхо дар мухити беоксиген — газхои инерти ё нит­рогеи кор бояд кард. Пайвастхои органикии металлхо дар синтези органики истифода мешаванд; онхо дар аксар просессхои саноати химия бехтарин катализа­тор ба хисоб мераванд. Бисёр Пайвастхои органикии металлхо хамчун дорувор, моддахои анти­септики ва бактерисиди, инчунин ба сифати антидетонатори сузишвории мотори ва стабилизатори поли­мерхо истифода мешаванд. Бо ёрии Пайвастхои органикии металлхо барои саноати нимнокилко металлхои холис истехсол мекунанд, парда ва руйпушхои металли меги- ранд.

Оид ба синтез, омузиши хосиятхои химиявию физики ва татбики Пайвастхои органикии металлхо  дар Университети Давлатии Точикистон ва Институти химияи Академияи Фангхои Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Точикистон тадкикот мебаранд.

Адабиёт: Методы элементоорганической хи­мии, Москва, 1963—65; Химия металлоорга­нических ’ соединений, Москва, 1964; Нот­тов Ф., Уилкинсов Дж., Совре­менная неорганическая химия, том 1—3, Москва, 1969; Грин’ М., Металлоорганиче­ские соединения переходных элементов, Москва, 1972.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.