Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пайвастхои комплекси

Пайвастхои комплекси

Пайвастхои комплекси, пайвастхои координасион и, як синфи махсуси пайвастхои химиявиеро гуянд, ки дар натичаи ба ягон ион (ё атом) пайваст шудани молекулахои нейтрали ё ионхои дигар хосил мешаванд. Пайвастхои комплекси сохти хосе доранд. Масалан, пайвасти аз реак­сияи- Pt£l< + 2КС1 KalPtCle] хосилшуда сохти зерин дорад:

Ядрои Пайвастхои комплекси ё худ комплекс аз атоми маркази — комплексхосилкунанда (дар ин чо иони Pt4+) иборат аст. Бо атоми маркази молекула ё ион­хое, ки онхоро лиганд (ионхои хлор) мегуянд, координасия  (робитанок) мепайванд (нигаред Банди химияви), Мувофики назарияи банди коваленти комплекси K2[PtCle] бояд PtCl4

  • 2KG1 навишта мешуд. Аммо тадкики рентгении таркиб ва омузиши хо- сиятхои химиявию сохти мазкури комплекс, яъне K2[PtGl6]-po тасдик намуданд. Дар чунин комплекс лигандхо (С1 ), ки ба атоми маркази (Pt4 + ) наздиканд, нисбат ба ионхои беруни |К+| устувортаранд. Комп­лексное низ хастанд, ки факат аз атоми марказию лигандхо ибора­танд. Macалан, карбонили металлхо Ге (СО)б, Ni(lGO)4, No(GO)e. Микдори иону молекулахои бо атоми маркази бевосита пайвастшударо адади к оординасиони (адади координасиони) меноманд. Масалан, дар K2[CuCl4] а. к.-н мис — 4t дар (Сг(<Н20)в)С1з а. «.-и хром — 6, дар [Ca^NHaJeJClj а. к.-и калсий — 8 ва г. Хозир а. к.-п аа 1 то 12 маълум аст, вале дар амал а. к.-и 4 бештар маъмуланд. Ба сифати атоми комплексхосилкунанда асосан элементхои мутавассит (Ti, V, Crf Mn, Fe, Go, Ni, Cu, Pt, Au, Hg ва гайра) ва гайриметаллхо (В, Р, Si), ба сифати лиганд бошад, аниони кислотахои гайриорганикию органики, пайвастхои гете- росикли ва дигар молекулахою радикалхои гуногун истифода мешаванд. Холо Пайвастхои комплексии бисёрядроии элемент­хои мутавассит, ки барои химияи назарияви ва амали ахамияти махсус доранд, хамачихата омухта ме­шаванд.

Сохти Пайвастхои комплексиро бори аввал А. Вер­нер тадкик кардааст. Корхои уро олимони намоёни совети Л. А. Чуга­ев, И. И. Черняев ва дигар- давом додаанд. П.айвастхои  комплексиро барои чудо карда гирифтан ва тоза кардани металлхои гурухи платини, тилло, нукра, никел, кобалт, мис, элементхои нодирзамин, металлхои ишкори, инчунин дар дигар просессхои технологи, химияи ‘тахлили ва гайра истифода мебаранд. Бисёр Пайвастхои комплекси дар просессхое, ки дар организми зинда сурат мегиранд (нафаскаши, фотосинтез, катализи ферментативи, мубодилаи моддахо ва гайра) иштирок мекунанд.

Адабиёт Коттон Ф., Уилкинсон Дж., Современная неорганическая хи­мия, тарчумаи аз англиси, том 1—3, Москва, 1969.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.