Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пайвастхои гетеросикли

Пайвастхои гетеросикли

Пайвастхои гетеросикли, гетеросиклхо, пайвастхои органикии сохти сикли (се, чор, панчкунча ва аз ин хм зиёд) доштае, ки дар таркибашон гайр аз атомхои карбон боз атомхои дигар элементхо гетероатомхо ва гайра доранд.

Пайвастхои гетеросиклиро бо микдори атомхои сикл (халка), хусусият, адад ва чои гетероатом, будан ё набудани чойнишин, хусусияти аромати доштан ва дигар хосиятхояшон аз хамдигар фарк ме­кунанд. Хосияти химиявии як диски Пайвастхои  гетеросикли, аз кабили фуран, тиофен, пир­рол, пиридин, хинолин ва гайра ба пайвастхои аромати каробат доранд. Чунин моддахо аз хисоби чуфти я- электронхои гетероатомашон бо металлхо пайвасти комплекси хосил менамоянд. Масалан, пайвасти хинолин- бие-бензоатн Со (II)

Пайвастхои гетеросикли, ки гетероатомашон нитроге­ну окенген аст, дар шакли алкалоид, витамин ва пигментхо васеъ пахн шуда, дар просессхои мухими био­логии организмхои зинда роли ка­лон мебозанд. Хлорофилли наботот, гемини хун, баъзе аминокислотахо, пенисиллин, кофеин аз чумлаи Пайвастхои гетеросиклианд. Пиридин, хинолин, акридинро аз таркиби зифти ангиштсанг ва фурфуролро аз офтобпараст ба даст меоранд. Кисми зиёди П.айвастхои гетеросиклии табиию синтезиро ба сифати ранг (инди­го) ва дорувор (хинин, морфин, ак­рихин, аналгин, амидопирин ва гайра) истифода мебаранд. Пайвастхои гетеросикли инчунин дар дигар сохахои саноат, монан- ди истехсоли пластмассахо, саноати кино, суратгири ва гайра ба кор мераванд.

Кормандони лабораторияи химияи нефти Институти химияи Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии  Точикистон оид ба пайвастхои гетеросиклии сулфур тадкикот бурда, аз нефт гурухи пайвастдхои катори бензотиофенро чудо карданд ва хосияти химиявию истифодаи онхоро муайян Намуданд

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.