Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Пайрав Отачон Сулаймони

Пайрав Отачон Сулаймони

Пайрав (тахаллус; ном ва фамилияаш Отачон Сулаймони; 15. 4. 1899, Бухоро — 9. 6. 1933. Самарканд), шоири советии точик. Аз оилаи савдогари калон. То соли 1911 дар .мактаби ибтидоии Бухо­ро, солхои 1911—14 дар мадрасаи фор­сии Марв хонда, аз соли 1914 то 1916 дар назди муаллимони хусуси за­бони руси омухта, аз ибтидои 1916 то 1917 дар Омузишгохи Когоп таълим гирифтааст. Пайрав Револютсияи Халкии Бухороро самимона пешвоз гирифт. Дар давраи муборизахои тезутунди синфи ва ташкили Республикаи Халкии  Сотсиалистии Бухоро охири соли 1921 котиби дуюми сафоратхонаи Республикаи Халкии  Сотсиалистии Бухоро дар Афгонистоя таъин шуд. Хангоми аз Кобул баргаштани Пайрав (1922) дар Республикаи Халкии  Сотсиалистии Бухоро, аз як тараф, харакати нэпмани ва муборизаи зидди босмачиёп авч гирифта буд, аз тарафи дигар, таксимоти худуди милли ва замииу об огоз меёфт.

Солхои 1922—24 у дар хавлию дуконхои падараш ва аввали соли 1924 дар Машхад умр ба cap мебарад. Вокеахои чамъияти, сиёси ва ичтимоии солхои минбаъда, ташкили республикахон сохибихтиёри миллии Осиёи Миёна, аз чумла Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Точикистон (1924) ва махсусан карори Комитети Марказии РКП(б) «Дар бораи сиёсати партия дар сохаи адабиёти бадеи» (1925) ба фаъолияти эчодии Пайрав табаддулоти чидди дароварданд. У робитаашро бо нашриёт ва газетаву журналхои точикии  Душанбе, Самарканд, Тошкент мустахкам менамояд, ба кори эчоди чиддитар камар мебандад. Аз октябри 1930 то май 1931 Пайрав дар идораи Нашриёти давлатии Точикистон ва то соли 1933 дар шуъбаи самар- кандии он кор кард. Шеърхои нахустини Пайрав «Мувашшах» (1916), «Ба- родари чони» (1916), «Иштиёк» (1918), «Маснави» (1918), «Ба Саъдуллочон» (такрибан соли 1920) ва гайра гувохи медиханд, ки у бо таъсири назми классики ва махсусан лирикаи он ба машки шеър хеле барвакт шугл варзидааст.

Ин шеърхо ба талаботу хусусиятхои умдатарини жанрхои маъмули назми классики (микдори кофилхо, тарзи кофияю радифсози, хусни тахаллус ва гайра), забону услуб ва санъату воситахои тасвири бадеии он мувофикат меку- нанд. Дар шеъри «Ба муносибати Инкилоби Бухоро» (1920) шоир аввалин бор ба мавзуи револютсия ру овардааст, ки дар он шодии халк ва махсусан чавонон тантанавор садо медихад. Дар ин шеър шакли мустазод, оханг, нидо, зада, санъатхои шеъри ва махсусан сачъ барои равшану барчаста гардидани мазму- ну гоя мадад расондаанд. Аммо аввали солхои 20 дар эчодиёти Пайрав мик- дори ин гуна шеърхо кам буда, шоир бештар лирикаи ишкии пурсузу гудоз меофарид: «Бок нест» (1921), «То кай?» (1921) ва махсусан «Шаби хичрон бо хаёли чонон» (‘4924), «Чи шуд, ки?…»    (1924), «Фирокнома» (1924) ва гайра.

Ин шеърхо асосан дар пайравию равияи назми саромадони адабиёти Классикии форс-точик навишта шудаанд. Пас аз нашри карори мазкури Комитети Марказии РКП (б) ва бо таъ­сири он ба таври чидди тагйир ёфтани муносибат ба адибони «камсафар» дар мавзуъ ва гояи ашъори Пайрав низ дигаргуни ба вучуд омад. Шоир дар мавзуи озодии занон, шеърхои «Шукуфаи ирфон ё худ озодик занони III арк» (1926), «Ба шарафи киёми занони Шарк» (1927), «Асира ё худ исёп» (1927), «Хаштуми март ва саноеи нафиса» (1931) ва хикояи «Гуландом»-ро (1928) офарид.

Ин асархо мувофики талаби замон на­вишта шуда, хакикати бадеии вокеияти таърихиро дар бар кардаанд ва аксари онхо бо конкретияти мавзуъ, мазмуну мундаричаи тоза ва гайра чолиби диккат мебошанд, Дар ин солхо мавзуи байналхалки дар эчодиёти  мавкеъ гирифт. У дар шеърхои «Шуриши Чин ё худ воке­аи Нанкин» (1927), «Ду хучум»(1927), «Ба чамъияти Хилоли Ахмар» (1927), «Якуми май ва МОПР»(1928).  «Хиндустон» (1928), «Аз дасти ту буд» (1929), «Ба фалокатзада­гони зилзилаи Эрон» (1928), «Як Курбонии кучая буржуазии Аврупо (1930), «Ба милитаристоня Япония» (1932) ва гайра ба бисёр масъалахои мухимми байналхалки, махсусан ха­ракати миллйозодихохи дар Хитой, Хиндустон, Афгонистон ва дигар мамлакатхои Осиё, мубориза бар зидди чангчуёни имперналисти ва гайра даст зада, равияи ашъори Садриддин Айни, А. Лохутиро аз адабиёти точик ва Максим Горкий, В. Маяковскийро аз адабиёти рус дар ин мавзуъ давом ва инкишоф дод.

Шоир, махсусан, дар чунин шеърхо аз шаклхои шеъри, вазну кофия, санъатхои бадеи, зада, нидою хитоба ва гайра. хунармандона истифода бурда, навоварихои шоёни диккат карда аст. Дар охири солхои 20 таваччухи Пайрав ба мавзуъ ва масъалахои хаёти сотсиалисти ва алалхусус, сохтмонхои азими он дар Точикистон зиёдтар гардид. Дар шеърхои «Сарват ва мехнат» (1930), «Ба зарбдор!» (1930), «Бар зидди оппорту­нистони «чап» ва рост, ба ёрии зарбдорон» (1930), «Марши пионерон»

  • «Корвон» (1931), «Навиди Вахшстрой» (1933) ва гайра ба мавзуъхои мухимми руз даст зада, дар тасвири реалистии хаёт аз рангхои ро­мантики мохирона истифода бурдааст. Пайрав дар аксари ин кабил шеърхо мувофики талаботи мавзуъ ва гояи асар дар поэтикаи шеъри комбинасияхои тозаро фаровон истифода кардааст. Намунаи барчастаи чустучу, навовари ва ихтироъкорип Пайрав шеъри «Навиди Вахшстрой» мебошад. Пайрав шоири лирик аст. У дар лирикаи ишки ва махсусан дар лирикаи ичтимои ва граждани комёбихо дорад. Пайрав дар жанрхои эпикии назм низ кувваозмои карда,’ достонхом «Тахти хунин» (1931), «Чумхурияти Точикистон ва матбуоти ранчбарии точик» (1931) ва достони нотамоми «Манораи марг»-ро офарид. Пайрав дар офариниши шеърхои хачви хам истеъдоди калон дошт. Дар «Таронаи иди бузурги Октябр» (1932), «Панчсолаи аввал дар чахор сол ичро шуд!» (1933!) боёну муштзурон, капиталистон, оппортунистон ва душманону хоинон хадафи хачву истехзоч шоир гардидаанд. Удар гушаи «Шашпар»-и журнали «Бигиз» бо лакаби мустаори «Шашпардор» ашъори хачви ва якчанд шеърхои таклидии хачви — накизахо ба табъ расопдааст. Дар накизахои у камбудии эчодии як катор шоирону мунаккидон — Н. Бектош, Г. Ализода, Ч. Сухайли, Т. Зехни ва баъзе нохамворихои шеъри худаш танкиду мазаммат шудаанд.

Пайрав мутарчими мохир хам буд. Тарчумаи шеърхои ба Владимир Илич Ленин бахшидаи А. Жаров, шеърхои шоири зангии Штатхои Муттахидаи Америка Ленгстоп Хюз, мазхакаи Николай Василевич Гогол «Ревизор», драмаи Д. Фурманов ва С. Поливанов «Балво», романи А. Серафимович «Сели оханин», баъзе маколахои илми-оммави, педагоги ва гайра аз хунари тарчумони Пайрав гувохи медиханд.

Основание: Мачмуи шеърхо, Сталинобод, 1934; Мачмуи осор, Сталинобод, 1959; Избранное, Сталинабад, 1957; Асархои мунтахаб, Душанбе, 1962; Девон, Душанбе, 1971.

Адабиёт: Табаров С., Материалхо оид ба омухтани адабиёти советии точик, Сталинобод, 1948; х а м о н муаллиф, Пайрав Сулаймони, Душанбе. 1962; Очерк истории тад­жикской советской литературы, Москва, 1961.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …