Маълумоти охирин

Пайкон

Пайкон, олатест, ки ба нуки тири камон ё найза пайваст намуда, дар шикор ва чангхо истифода ба­ранд. Пайкон хануз дар давраи мезолит ва неолит ба вучуд омадааст. Он дар ибтидо аз чакмоксанг (баъзан устухон), дертар аз биринчи ва чуб сох­та мешуд. Дар охирхои асри биринчи (асрхои 12—8 то милод) дар худуди Осиёи Миёна бисёр намудхои Пайкони биринчи, аз чумла шабехи кайроксанг, губчакшакл, дупарра, дастадори дупарра, сепарра, сепахлу, чорпахлу ва гайра васеъ пахн гаштанд.

Чунин навъхои Пайкон хангоми хафриёти ёдгорихои археологии Чуст, Дилварзия, Кайроккум, Кабодиён, Помир, Хорезм ва чануби Туркманистон бештар ба даст омаданд. Ибтидои милод дар Осиёи Миёна Пайконхои охани пайдо шуданд, ки ба Пайкони скифию сармати шабохат доштанд. Дар асрхои миёна Пайконро синон  низ меномиданд, ки онро хамчун найза ё тир истифода мебурданд. Дар адабиёти классикии форс-точик Пайкон маънохои мачозиро хам ифода ме-кард: пайкони обдор—тири тез; пайкони за­бон — киноя аз тезии забон; пайкони чафо хурдан — чабру ситам дидан ва гайра.

Адабиёт: Литвинский Б. А., Древние кочевники «Крыши мира», Москва, 1972.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.