Главная / Чугрофия / Пайканд

Пайканд

Пайканд яке аз шахрхои кадими вохаи Бухоро. Димнаи II. 35 километр дуртар аз Бухоро дар самти Чануби Гарб вокеъ гардида, вусъати он то ба 20 гектар мерасид. Пайканд то истилои араб яке аз марказхои калони тичоратии Осиёи Миёна буд. Муаррихони асрхои 9—10 Табари, Наршахи Пайкандро шахри точирон номидаанд. Пайканд бо Хитой ва мамлакатхои Шарки Наздик алокаи тичорати дошт. Кариб хар як дехаи вохаи Бухоро дар назди дарвозахои Пайканд работ доштанд, ки шумораашон зиёдтар аз хазор буда, барои мудофиаи Пайканд аз тохтутози кабилахои турк дар ин работхо дастахои мусаллах нигох медоштанд.

Соли 706 истилогарони араб бо сардории Кутайби ибни Муслим Пайкандро ду маротиба забт ва горат карда, мудофиони шахрро ба катл мерасонданд. Мувофики маълумоти Табари ягмогарони араб даp ин чо ганимати бисёре, аз чумла бисёр зарфхои тилло ва нук-ра, ба даст овардаанд. Пайканд дар асрхои 9—10 аз нав баркарор гардида, нашъунамо ёфт; ду бозор дошт. Пайканд баъди заволи давлати Сомониён та- наззул ёфт.

Дар аввали асри 12 Арслонхони Карахони дар Пайканд каср сохта кушидааст, ки шахрро аз нав баркарор кунад. Вале ин кор барабас рафтааст. Пайканд дар асри 12 аз беоби бархам хурд. Дар солхои 1913—14, 1939—40 ва 1956 археологхо дар ин чо хафриёт гузаронида, тантахои Кушониён, Сосониён ва сугдиён, порахои маснуоти сафоли ва дигар ёдгорихои маданияти моддии Пайкандро пайдо карданд, ки барои омухтани хаёти иктисодию ичтимои ва мадании ахо­лии Пайканд ёри мерасонанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

MurghabTJ

МУРГОБ

МУРГОБ, посёлка, маркази маъмурии Совети кишлок ва райони Мургоби Вилояти Автономии Бадахшони Кухи. Дар сбхили …