Маълумоти охирин

Пажду Зардушт

Пажду Зардушт ибни Бах­ром (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 13 форс-точик. Дар оилаи пайравони зардуштия ба дунё омада, худ низ яке аз рухониёни дини мазкур буд. Аз хусни таваччухи Пажду ба дину оини бостони Эрон осори бокимондаи у гувохи медиханд.

Яке аз таълифоти машхури Пажду «Зардуштнома» мебошад, ки дар асоси киссаву ривоятхои авестои ва пахлави оид ба Зардушт таълиф гардидааст. Пажду асари дигари пахлави — «Ардавирофнома»-ро низ ба риштаи назм кашидааст. Назми Пажду аз чихати бадеият чандон баланд набошад хам дар хифз ва интишори киссаву ривоятхои Эрони бостон хидмати арзандае кардааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …