Главная / Илм / Пайдоиши оила, моликияти хусуси ва давлат

Пайдоиши оила, моликияти хусуси ва давлат

«Пайдоиши оила, моликияти хусуси ва давлат» асари Фридрих Энгелс буда, бори аввал ба немиси соли 1884 ба табъ расидааст. Дар ин acap чамъияти инсони аз худи зинахои аввали инкишофаш cap карда аз мавкеи диалектикию материалисти тахлил шуда, просесси заволи сохти – авлоди ва дар заминаи моликияти хусусm пайдо шуданb муносибатхои cинфи хамачихата тадкик гардидааст. Дар асар такаввули шакли оила, пайдоиш ва мохияти давлат тасвир шуда, зарурати бо мурури замон мурда рафтани давлат (дар натичаи гузаштан ба чамъияти бесинфии коммунисти) асоснок шудааст.

Ба кавли Владимир Илич Ленин, «ин асар яке аз асархои асооии сотсиализми замони хозира мебошад» (Асархои, чилди 29, сахифаи 506). Китоб аз 9 боб ибо- рат аст. Дар бобхои 1 ва 2 шароити зиндагии одамон аз давраи кадимтарин то пайдоиши сохти авлоди тахлил шуда, инкишофи муносибатхои оила ва никох дар чамъияти синфи тадкик ва оилаи буржуази танкид карда мешавад. Фридрих Энгелс дар ин асар нуктахои методологии таълимоти марксистиро дар бораи чамъияти ибтидои хамчун зинаи махсуси таърихи инсоният инкишоф дода, кайд мекунад, ки мехнат шарти аввалини хаёти инсони ва хаддест, ки чамъияти инсониро аз хайвонот чудо мекунад.

Фридрих Энгелс дар бобхои 3 ва 9 хусусиятхоя тартибии авлодии чамъиятиро хамчун ячей­каи чамъияти тосинфи тахдил намуда, «коммунизми» ибтидоии авло- диро тафсир кардааст. Фридрих Энгелс таназзули сохти авлодиро нишон дода, сабабхои иктисодиеро тахкик намуд, ки тартиботи авлодии чамъиятро дар зинаи олии инкишофаш бархам зад. У нишон дод, ки бо ин­кишофи куввахои истехсол кунанда, таксимоти мехнат ва афзоиши махсулнокии oн, имконияти бахра бур- дан аз махсули мехнати дигарои, истисмори одам аз тарафи одам ва таксими чамъият ба синфхои зид ба миён омад.

Дар натичаи ин давлат хамчун аслихаи синфи истисморгарон барои мутеъ нигох доштани синфи мазлум пайдо шуд. Фридрих Энгелс шаклхои гуногуни конкретии давлатро тахлил намуда, табиати синфии онхоро ошкор сохта, тамоюли тахаввули минбаъдаи давлати буржуазиро тахкик кард. У кайд кард, ки ка­питализм хеч гох ягон хел озодихои демократи ва озодии хакикии мехнаткашонро таъмин намекунад. Эн­гелс дар айни хол манфиатхои про­летариатро барои нигох доштан ва зиёд намудани озодихои демократи, ки дар мубориза бахри дигаргунсозии револютсионии чамъият шарои­ти мусоид фарохам меоранд, кайд кардааст.

Фридрих Энгелс нишон дод, ки дар ша­роити гуногуни табии ва конкретию таърихи просесси таназзули чамоаи ибтидои як хел набуда, мазмуни асосии он — гузаштан аз чамъияти бесинф ба чамъияти синфи барои хама мамлакатхо ва халкхо яксон аст. Ин таклил таълимоти диалектикию материалистиро дар бораи ягонааш таърихи, инкишофи прогрес­сиви ва конунияти ивазшавии шаклхои хаёти чамъияти тасдик менамояд.

Ин асари Фридрих Энгелс дар тадкики таълимоти марксисти оид ба даалат зинаи мухим ба шумор меравад (нигаред. Карл Маркс «Хаждахуми брюме­ри Луи Бонапарт», “Чанги гражда­ни дар Франсия», «Танкиди программаи Готам, Фридрих Энгелс «Анти- Дюринг»), ки онро Владимир Илич Ленин вобаста ба шароити нави таърихи дар асараш «Давлат ва револютсия» ин­кишоф дод. Китоби Энгелс бар зидди таълимоти буржуази оид ба дав­лат нигаронида шудааст.

Адабиёт: Маркс Карл. Конспект книги Лью­иса Г. Моргана «Древнее общество», в книги: Архив Маркса и Энгельса, том IX (Москва— Ленинград], 1941; Ленин Владимир Илич, дар бораи дав­лат, Асархои, чилди 29; Фридрих Энгелс о госу­дарстве и праве, [Москва, 1970]; Проблемы этнографии и антропологии в свете на­учного наследия Фридриха Энгельса, Москва, 1972.

Дар борамон

Инчунин кобед

МУХАММАД ИБНИ АБУБАКРИ САМАРКАНДИ

МУХАММАД ИБНИ АБУБАКРИ САМАРКАНДИ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1197, Са­марканд), хукукшиноси форс-точик. Доир ба …