Пай, як кисми мушак, бофтаи зичест, ки ба воситаи он мушакхо ба устухонхо пайваст шуда, харакати онхоро таъмин мскунанд. Як нуги торхои Пай бо торхои мушак ва нуги дигараш бо пардаи руи устухон пайваст аст. Пай шаклхои гуногун дорад. Пайи мушакхои дароз устухонашакл ва Пайи мушакхои пахн лавхашакл мебошанд.
Баъзе Пайхо масалан, Пайхои дарозе, ки панчахоро кату рост мекунанд, пардаи махсус (синовиали) доранд. Ин парда луоб дорад, ки хангоми харакат лагжиши Пайро осон мекунад. Функсияи Пай хангоми беморихои газаки, иллати узвхо ва гайра вайрон мешавад. Бемо- рихои Пай ва халтаи синовиадиро бидуни чаррохи муолича мекунанд. Агар Пай канда шавад, он гох чаррохи мекунанд.