Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Паганини Никколо

Паганини Никколо

Паганини (Paganini) Никколо (27. 10. 1782, Генуя —27. 5. 1840, Нисса), скрипканавоз ва бастакори италияви. Аз оилаи савдогар. Аз синнн 11-солаги дар консертхо иштирок дошт. Аз соли 1797 дар Италия ва аз 1828 дар бисёр мамлакатхои Европа баромад кардааст. Паганини яке аз асосгузорони романтизми мусикист. У шунавандаро бо образхои мусикии шоирона, тахайюлоти дурпарвоз, тазодхои драмави, махорату гайрати бемисли навозандагиаш мафтун мекард.

Яке аз чихатхои намоёни фаъолияти Паганини озодона ва бадехатан навохтану эчод намудани асар буд. Хаёти Паганини, ки саршори лахзахои романтикиву вокеоти маргуб буд ва худ киёфаи «азозилнамо» дошт, дар бораи шахсияти вай ривоятхои зиёде бофтаанд. Рухониёни католики Паганиниро барои озодфикриаш таъкиб мекарданд. Ин буд, ки хатто дафни Паганиниро дар Италия манъ карданд. Танхо пас аз чанд сол часади уро ба Пар­ма оварданд. Г. Гейне дар повести «Шабхои Флоренсия» (1836) образи Паганиниро офаридааст.

Паганини бастакори бузург буда, <#24 кап­риччо» барои скрипка, 2 консерт ба­рои скрипка бо оркестр, квартету сонатахо барои скрипка ва гитара, якчанд песаву вариасияхо эчод кардааст, ки онхо дар таърихи муси­ки макоми махсус доранд. Баъзе асархои скрипкавии Паганиниро Ф. Лист, Р. Шуман, И. Брамс, С. В. Рахмани­нов дар эчоди худ истифода бурдаанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …