Маълумоти охирин
Главная / Техника / Падиддору

Падиддору

Падиддоруи суратгири, махлули якчанд моддахоест барои аён сохтани акси ноаёни фотографи. Акси ноаёни сурати фотографи дар натичаи ба навори кино ё лавхаи фотографии хассос таъсир кардани равшани ё дигар намуди афканишот пайдо мешавад.

Падиддору ду хел мешавад: мукаррари (ё худ химияви) ва физики. Падидоруи х и м и я в и асосан махлулест, ки чор хел моддаро дарбар мегирад: моддаи аёнсозанда, моддаи тезонанда, моддаи сабт ва моддаи, зиддихичоби. Моддаи аёнсозанда (металл, гид­рохинон ва гайра) нукраи дар таркиби кабати фотографи бударо баркарор мекунад. Моддаи тезонанда (со­да, тезоб ва гайра) боиси реаксияи ишкории махлул гардида, барои тез таъсир кардани моддаи аёнсозанда шароит мухайё мекунад. Моддаи сабт намемонад, ки Падидору аз таъсири окситени хаво тез оксид шавад, инчунин таъсири худи Падидоруро зуртар мекунад. Моддаи зиддихичоби (КВг, бензотриазол) намемонад, ки дар просесси аёнсози дар руи акси фо­тографи як навъ хичоб, яъне пар­да хосил шуда, онро хира гардонад.

Faйp аз Падиддоруи мукаррари инчунин Падиддорухои махсус хам хастанд. Масалан, Падиддоруи резахолак, Падиддоруи якрангкунанда, Падиддоруе, к и дар харорати баланд ё паст истифода бурда мешавад ва гайра.

Барои аёнсозии суратхои рангаи ноаёни фотографи ба Падиддоруи мукаррари хосилахои парафенилендиамин илова мекунанд.

Падиддоруи ф и з и к и ин моддахои аёнсозандаи NajS ва AgNOe мебошанд. Дар айни ин просесс AgN03 чун хокаи резахолаки нукра баркарор гар­дида, дар чойхои лозими сурати фо­тографи тахшин мешавад. Замини ин гуна суратхо резахолак буда, ху­ди онхо равшану возех мешаванд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …