Главная / Гуногун / Падаршохи

Падаршохи

Падаршохи, як шакли маъмули муносибатхои чамоти ибтидоист, ки зимни он дар хочаги, чамъият ва оила мард хукмфармои мекунад. Дар натичаи тараккии куввахои истехсолкунанда ва афзудани хосилнокии мехнат дар хамаи сохахои хочагии чамоаи ибтидои: дехкони, чорводори, шикор ва мохигири Падаршохи ба амал пайваст. Таракккёти истехсолот боиси авч гирифтани мубодила ва пайдо шудани моликияти хусуси гардид.

Мард занро аз истехсолот дур ва побанди хона кард. Барои Падаршохи шачараи хешутабори аз тарафи мард, бархам хурдани ягонагии хочагии авлод, гузариш аз никохи гу- рухи ба моногамия, дар кабилаи мард маскан гирифтани зан хос аст. Минбаъд, муносибатхои патриархали дар натичаи афзудани нобаробарии модди, пайдоиши гуломдории ибтидои ва синфхо мустахкам гардиданд.

Дар боби мавкеи Падаршохи дар таърихи чамъият дар тули асрхо бахс мерафт. Назарияи азали будани Падаршохи дар чамъияти инсони нуфузи калон пайдо карда буд. Афлотун ва Арасту низ хамин акидаро дастгири мена- муданд. Асри 19 ин акидаро Г. Мэн химоя намуд. Солхои 1860—70 аввал И. Бахофен, баъд Л. Г. Морган акидаи азали будани Падаршохиро рад намуданд. Нуктахои асосии акидаи Морганро Фридрих Энгелс дастгири кард ва инки- шоф дод; онхоро кисми зиёди олимони совети кабул намуданд. Аммо баъзе этнографхои буржуази пайрави назарияи азали будани Падаршохи мебо- шанд.

Адабиёт: Энгельс Фридрих, Пайдоиши оила, моликияти хусуси ва давлат, Карл Маркс, Фридрих Энгелс, Асари мундаричаи чилди 2, Душанбе, 1965; Морган Л: Г., Древнее общество, перевод с английского Ленинград 1934.

Дар борамон

Инчунин кобед

payvand

МУГЧАПАЙВАНД

МУГЧАПАЙВАНД, як навъи пайванд; ба нихоли хасак мугчаи навъи бехтарини дарахти меваро пайванд мекунанд. Нигаред …