Маълумоти охирин

Падан

Падан (аэ лотини Pad anus — номп д. По, ки дар байни римиёни кадим маъмул буд), Хамвории Лада­ну Венесия, пастии Лом­бардия, хамвориест дар шимоли Италия, дар байни куххои Аллу Апен­нин ва бахри Адриатика; кисми зиёдаш дар хавзаи дарёи По вокеъ гаштааст. Тулаш кариб 500 километр, бараш то 200 километр (дар Ш.). Падан аз чихати геологи пастхамии тектоники буда, бо тахшинхои аллювиалии гафсиашон то 8 километр пур шудааст. Сатхи Падан аксаран хамвор буда, аз Fарб ба Шарк тадричан паст шуда меравад.

Дар маркази Падан хамворихои пасти хокашон аллювиалии хосилхез, дар канорхояш хамворихои баланди регу шагалдор мавчуданд. Дар кисми шаркии Падан делтаи дарёи По вокеъ буда, баъзе китъахои поёноби дарёи По аз сатхи бахр пасттаранд. Иклими Падан субтропики ва муътадил. Харорати миёнаи январ аз О то 4°Селсия, июл аз 22 то 24° Селсия. Боришоти соло­на 600—1000 миллиметр. Барф хеле кам ме- борад. Дар Падан дарё бисьёр. Давраи дамиши об бахору тирамох. Зуд-зуд обхези ба амал меояд (калонтаринаш солхои 1951, 1957 ва 1966 руй дода буд).

Дар ин чо каналхои обёри, обхушккуни ва киштигарди бисёре сохта шудаанд. Бешахои дарахтони пахнбарги булут, кастона, зайзафун, шамшод ва беду сафедор, ки чанде пеш Падан ва дарёбоди онро фаро гирифта буданд, холо кариб тамоман решакан шудаанд. Падан нохияи калонтарини хочагии  кишлоки Италия мебошад, ки дар он асосан гандум, чуворимакка, шоли кишт карда мешавад. Токзорхо ва богхои мева низ мавчуданд. Шахрхои асосиаш: Милан, Турин. Венесия, Болоня.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …