Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПУТОВСКИЙ Чеслав Антонович

ПУТОВСКИЙ Чеслав Антонович

putovskiy-ch-a

ПУТОВСКИЙ Чеслав Антонович (1887, Варшава — 21. 4. 1925, Ду­шанбе), револютсионер, чекист, иштирокчии фаъоли барпо ва мустахкам кардани Хокимияти Совети дар Точикистон.

Аъзои КПСС аз соли 1918. Аз оилаи муаллими камбагали поляк. Аз овони чавони ро­хи муборизаи револютсиониро пеш гирифт. Дар мактаби дусолаи рассомию хунарманди тахсил кард. Дар арафаи Револютсияи 1905 ба кружоки с.-д.-и мактаби мазкур дохил шуд. Дар чангхои баррикадавии Варшава фаъолона иштирок намуд. Пас аз шикасти револютсия ба Австрия ва баъд ба Франсия хичрат кард. Тирамохи 1907 коргари заводи металлургии Франсия буд.

Дар ибтидои Чанги якуми чахони ба Легиони интернатсионали дохил шуд ва соли 1915 ба воситаи Марсел ва Владивосток ба фронти русу немис рафт.

Баъди Револютсияи феврали 1917 раиси Комитети солдатхои рота ва пас раиси Комитети солдатхои полк интихоб шуд. Путовский бо болшевикон хамраъйи карда, сиёсати муросокоронаи эсерони «чап», меншевиконро катъиян фош менамуд. Дар давраи тайёри ба Револютсияи Октябр ва ба амал овардани он Путовский дар Петроград буд ва дар вокеахои револютсиони фаъ­олона иштирок кард.

Соли 1918 ба сафи Армияи Сурх ихтиёран дохил шуда, командири ба­талон таъин гардид. Баъди як сол ба органхои ВЧК фиристода шуд ва дар он то охири умр кор кард. Тирамохи 1919 дар участкаи сархадии Псков бар зидди дастахои хоричии Булак — Салахович мубориза бурд. Солхои 1920—1922 чонишини раиси ЧК-и губернатори Смоленск, баъд чонишини сардори шуъбаи махсуси округи харбии Москва буд.

Охири 1922 ба Осиёи Миёна фи­ристода шуд. Дар ин чо сардори Шуъбаи махсуси корпуси 13-ум шу­да кор кард. Путовский дар бархам додани дастахои босмачиёни Бухорои Гарби ва Шарки кори зиёдеро анчом дод. Соли 1924 ба хайати хукумати респуб­лика ва Бюрои ташкилии ПК(б) Узбекистан дар РАСС Точикистон дохил гардид. 16 декабр 1924 Путовский сардо­ри ОГПУ РАСС Точикистон ва дар айни хол сардори Шуъбаи махсуси корпуса 13-ум таъин шуд. Путовский дар мустахкам намудани Хокимияти Со­вети, баркарор кардани хочагии халки республика ва тарбияи кадрхои махалли сахми калон гузошт. Ба яке аэ кучахои марказии шахри Ду­шанбе номи Путовский гузошта шудааст В. Руднитский.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.