Маълумоти охирин

ПУТК

ПУТК, мошини зарбазан барои коркарди масолехи металли, ки дар истехсолоти охангарию штампони барои хаддоди ва штампонии хачмию варакакуни истифода меша­вад. Путкхои фишангдори дасти аз асрхои 13—14 маълуманд. Соли 1784 Ч. Уатт барои харакат кунондани кисмхои мутакаррики Путк истифода бурдани бугро пешниход кард. Амми факат соли 1842 Ч. Несмит аввалии Путки бугиро сохта, ба он патент гирифт. Аз ибтидои асри 20 истифодаи Путкхои харакатоварашон электри вусъат ёфт. Аз руи хусусияти механизмхои харакатовар чунин намудхои Пукт маъмуланд: бугу хавои, Пневматики, гидравлики, механики, электромагнити ва гайра. Кисмхои асосии Путкро поршен, шток, баба (гурз), шабот (сандон), сутунахои самтдех барои харакати кисмхои мутахаррик, механизмхои харакатовару идоракуни ташкил медиханд. Хангоми поён шудани кисми мутахаррик (поршен) гурз ба ашёи руи сай­хои зарба зада, онро ба шакли матлуб медарорад. Параметрхои асо­сие, ки хусусиятхои конструктиви ва таъиноти технологии Путкхоро муайян мекунанд, энергияи кинетикии кисмхои мутахаррик ё худ массаи кисмхои афтанда (гурз) ба хисоб мераванд. Холо Пуктхои баландсуръат бештар маъмуланд, ки дар онхо энергияи кинетикии самаранок то 1000 кЧ, суръати афтиши гурз то 12—20 м/сон (дар Путкхои мукаррари 5—6 м/сон) мерасад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …