Маълумоти охирин

ПУРСИШ

ПУРСИШ, дар мурофиаи чинояти ва граждани амалиёти тафтишоти ё судиест, ки барои гирифтан ва кайд намудани маълумотхои дадонии ба холатхои кор вобаста гузаронида мешавад. Мувофики конунгузории совети дар тафтишоти пе­шаки ба Пурсиш факат шахсони масъул — коркунони органхои тадкик, муфаттиш ва прокурорхо ва дар мухокимаву мурофиаи судию граж­дани бошад, танхо суд хак доранд. Дар вакти Пурсиш шахси шубханок, гунохкор, шохид ё чабрдида проку­рор, муфаттиш ё барандаи тадкики ибтидои бо огохии пешаки овози шахси пурсидашавандаро навишта метавонанд. Конун даъват кардан ва пурсидани шахси гумонбаршударо пешбини мекунад. Хангоми Пурсиши айбдоршавандаи ноболиг (то 16-сола) бо розигии муфаттиш, прокурор ва бо хохиши химоячи педагог метавонад иштирок карда, ба айбдоршаванда савол дихад ва бо протоколи пурсиш шинос шавад. Ба таври зури, мачбури, тахдид ва дигар роххои гайриконуни гузаронидани Пурсиш манъ аст. Шохидон чудо-чудо пурсида мешаванд. Доир ба хар як Пурсиш протоколи алохида тартиб дода, шаходати шохидро пурра навишта мегиранд. Баъди Пурсиш протоколи он барои шиносшави ва имзо ба шохид пешниход мешавад. Дар конунгузории хозираи давлатхои буржуази приннсипхои демокра­тии Пурсиш (шохидии ихтиёри, манъ будани истифодаи зури, воситахои дигари мачбурсози ва гайра) факат зохиран вучуд доранд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …