Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПУРИЗМ

ПУРИЗМ

ПУРИЗМ (франсави purisme, аз лотини purus— тоза), кушиши теза карда­ни забон аз калимахои иктибосии забонхои дигар, неологизмхо ва пешгирии воридоти унсурхои лек­сики ва грамматикии берун аз нормаи забон (масалан, калимахои гуфтугуи, шеваги ва гайра). Пуризм дар давраи баркарор гардидани нормахои забони адаби зухур мекунад ва ба чараёнхои нави сиёси ва мадани марбут аст. Дар таърихи инкишоф ва баркарор гардидани забонхои адабии мамлакатхои гуногун (Венгрия, Чехословакия, Туркия, Хиндустон ва гайра) ходисаи Пуризм мушохида шудааст. Доир ба Пуризм ва на­зари пуристи ба забон дар Россия (асри 19) бахсхо ба миён омадаанд.

Солхои 20 дар давраи нави инкишоф ва баркарор гардидани нормахои забони адабии имрузаи точик бахсхо дар бораи тозагии забон ва назари пуристи ба забони адаби пайдо шуда буданд. Бахсхои зиёде байни забоншиносон дар масъалаи истифодаи калимахои иктибосии араби ва калимахои аз шеваву лахчахои гуногун ба забони адаби рох ёфта мерафт. Худ аз худ аён буд, ки аз калимахои иктибосии араби даст кашидан боиси камбагал шудани таркиби лугавии забони точики мегардид, чунки ин калимахо хамчун калимахои мукаррарии забони точики истеъмол мешуданд. Ба бахс ва майлхои пуристи С. Айни дар маколааш (газетаи «Овози то­чик», 1928) чавоби халкунанда дод. У хукуки истеъмол доштани калима­хои иктибосии арабиро тасдик карда, аз истифодаи калимахои душворфахми араби худдори карданро маслихат дод. С. Айни шева ва лахчахоро дар баробари забони адабиёти класстакии форс-точик яке аз манбаъхои асосии забони адабии хозираи точик мешуморид ва дар истеъмоли унсурхои умумишавандаи забони гуфтугуи фаъолона иштирок мекард.

Ад.: Бердыева Т., Лексика и грам­матические элементы арабского языка в таджикском, Д., 1968.

Т. Бердиева.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …