Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПУЛМОНОЛОГИЯ

ПУЛМОНОЛОГИЯ

ПУЛМОНОЛОГИЯ (аз лотини pulmo, pulmonis — шуш ва …логия), сохаи тибби клиникиест, ки беморихои узвхои нафас (хирной, бронххо, шуш, пардаи шуш)-ро меомузад. Сили шушро бошад, фтизиатрия меомузад. Пулмонология чун сохаи мустакили тиб дар нимаи дуюми асри 20 аз терапия, чаррохия ва педиатрия чудо шудааст. Пулмонология аз як катор усулхои махсуси тадкикот — рентгенологи (томография, бронхография, ангиопулмонография), эндоскопи (трахеобронхоскопия, плевроскопия) ва гайра исти­фода мебарад. Дар СССР аз соли 1967 Инситути умумииттифокии тадкикоти илмии пулмонология (Ленинград) амал мекунад. Маколахои оид ба Пулмонология дар мачаллахои «Клиническая медицина»,  «Терапевтический архив», «Грудная хирургия» ва гайра чоп мешаванд. Сексияхои пулмонологии чамъиятхои илмии терапевти ва чаррохи вучуд доранд. Пулмонологхои точик оид ба халли масъалахои муоличаи беморихои узвхои нафас ва беморихое, ки дар шароити баландкух пайдо мешаванд, тадкикот мебаранд. Соли 1968 дар беморхонаи республпуикавии клиникии (РКБ) № 3 шуъбаи махсуси пулмонологи ташкил карда шуд.

pulmonology

Хизмати педиатрии республика маркази пулмонологи ва санаторияи махсус дорад.

Ад.: Болезни системы дьхашава, 1967; Бронхологии,  Федосеев Г.  достижения и перспективы исследований в области пулмонологии, «Тер. архив», 1977, М 10. А. Я.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …