Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПУГАЧЁНКОВА Галина Анатолевна

ПУГАЧЁНКОВА Галина Анатолевна

pugachyonkova-g

ПУГАЧЁНКОВА Галина Анатол­евна (таваллудаш 6. 2. 4815, Верний, хозира Олмаато), санъатшинос ва археоло­ги совети. Акад. АФ РСС Узбекистон (1984; аъзо-корр. аз 1968), доктори санъат­шиноси (1959), профессор (1962), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Узбекистон (1964), доктори фахрин Университеи Отрасбург (1976). Аз оилаи инженер. Аъзои КПСС аз соли 1942. Соли 1937 Институти индустриалии Осиёи Миёнаро хатм кард.            Солхои 1946—1948 ходими         калони илмии Институти дастхатхои шаркии АФ РСС Узбекистон, 1958—1984 ходими калони илмии Институти санъатпшноси, аз соли 1985 академик-котиби Шуъбаи чамъиятшиносии АФ РСС Узбекистон, аъзои Комитети совети оид ба нигахдории ёдгорихо ва чойхои хушманзар дар назди ЮНЕСКО, иштирокчии як катор конгрессхои байналхалкист. Ба бисёр экспедитсияхои археологи рохбари карда, дар Холчаён, Дилварзин ва гайра хафриёт гузаронид ва ёдгорихои кадимаи санъатро ошкор намудааст. Тадкикоти у ба халли масъалахои таърихи санъати даврахои кадимаи Осиёи Миёна оид аст. Пугачёнкова муаллифи зиёда аз 200 асари илми мебошад. Лауреати Мукофоти республикавии ба номи Хамза (1956). Бо ордени Байраки Сурхи Мехнат ва медалхо мукофотонида шудааст.

Ас.: Искусство Афганистана. Три этю­да, М„ 1963′ Халчаян. К проблеме ху­дожественной культуры Севернчй Бактрии, Ташкент, 1966; Самарканд. Бухара, М., 1968: Скульптура Халчаяна. М., 1971; искусство Бактрая эпохи кушан, М., 1979; Очерка искусства Средней Азии, М., 1983 (хамроха Л. И. Гемпел).

Ад.: Малабанд С. Д.. Биобиблиографический словарь советских восто­коведов, М , 1977.

А. Валиев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.