Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПТОЛЕМЕЙХО

ПТОЛЕМЕЙХО

225px-cameo_gonzaga

ПТОЛЕМЕЙХО, Л а г и д х о (юнони Ptolemaioi, Lagidai), сулолаи подшохоне, ки солхои 305—30 то мелод дар Мисри эллини хукм рондаанд. Асосгузораш Птолемейи I С о т е р, яке аз лашкаркашони Искандари Макдуни, ки соли 323 хангоми таксимоти империяи Искандари Макдуни хокими Миср шуда, соли 305 худро подшох эълон кард ва то соли 283 то мелод хукм ронд. Дар чангхои хунин худуди подшохиро васеъ карда, Киренаика, чануби Сурия ва Кипрро зери даст намуд. Дар ахди Птолемейи II Фи­ладел ф (хукмрониаш 285—246) таъ­сири Миср дар кисми шаркии бахри Миёназамин нихоят афзуд. Пойтахти давлати Птолемейхо— Искандария дар бахри Миёназамин ба маркази калонтарини тичорат, хунарманди ва маданият табдил ёфт. Роххои тичорати бо Африкаи Маркази, Арабистон, Хиндустон, сохилхои бахр Сиёх ва давлатхои атрофи бахри Миёназамин аз давлати Птолемейхо мегузаштанд. Давлати Птолемейхо дар ахди Птолемейи III Евергет (солхои хукмрониаш 246—221 то мелод) ба авчи иктидори сиёсии худ расид.

 

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.