Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПСОРОПТОЗ

ПСОРОПТОЗ

psoroptoz

ПСОРОПТОЗ, як навъ касалии хоришаки хайвонот. Касалиро кана­хои чинси Psoroptes ба вучуд меоранд. Ба Псороптоз гусфанд, асп, гов, харгуш ва инчунин бисёр хайвонхои вахши гирифтор мешаванд. Чойхои канапахшкардаи пуст хориш карда, мол бо дандон меканад ва муяш мерезад. Чои лучи пуст сахту шахшул мешавад. Хайвони касал логар шуда аз хурок мемонад. Псороптоз асосан дар зимистон ва аввали бахор (вакти серпашм шудани мол) руи медихад. Канаи модина 40—60 тухм мегузорад. Псороптоз дар натичаи парвариши якчояи чорвои солиму касал пахн мешавад. Касалиро аз руи аломатхои клиники ва тафтиши лаборатори муайян мекунанд.

Чорахои мубориза: аз бадани хайвон, хонаву анчомхо ва чарогох нест кардани канахо.

Ад.: Дубинин В. Б., Чесоточные клещи, их биология, вред в сельском хозяйстве, меры профилактики и борь­бы с ними, М., 1954.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …