Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / ПРУССИЯ

ПРУССИЯ

prussiya

ПРУССИЯ, давлате, ки дар натичаи тачовузи харбии феодалони немис дар Европаи Маркази, Шарки ва Чанубу Шарки ба вучуд омада, такягохи реаксия ва милитаризми Германия буд; баъди дар Чанги дуюми чахони торумор карда шудани Германияи фашис­ти бархам хурд. Асри 12 Прусия дар за­минаи курфюри (князи)-и Бранден­бург ва Ордени тевтон ташкил ёфтааст. Баъди чанги сездахсолаи байни Ордени тевтоп ва Полша (1454—1466) як кисми мулкхои орден ба Полша баргардонида шуд. Соли 1618 давлати муттахидаи Бранден­бургу Пруссия ташкил ёфт, ки он тобеи курфюрихои Бранденбург буд. Соли 1701 давлати Бранденбургу Пруссия ба шохии Пруссия табдил ёфт. Дар ахди Фридрихи II (1740—1786) кариб 2/3 хиссаи бючети харсолаи мамлакат ба эхтрёчоти харби сарф шуда, армияи Пруссия аз чихати шумора дар Европаи Гарби чои аввалро ишгол мекард. Тартиботи политсиявию бюрократии милитаристи чори гардида, ахоли барои акидахои озодихохи берахмона чазо дода ме­шуд. Пруссия бо максади васеъ намудани худуди худ борхо бо мамлакатхои хамсоя чангидааст. Дар рафти чан­ги зидди Австрия кисми зиёди Силезияро ба даст даровард. Пруссия дар чанги хафтсола (1756—1763) мехост, ки Саксония ва як кисми Курляндияро забт кунад, вале дар назди Грос-Бгерсдорф аз армияи Россия (1757) ва дар мухорибаи Кунерсдорф (1759) сахт шикаст хурд. Соли 1760 лашкари Россия пойтахти Пруссия Берлинро ишгол кард. Танхо ихтилофи байни ракибони асосии Прусия (Австрия, Россия, Франсия) ва баъди вафоти Елизавета Петровна (1761) ба сари тахти Россия омадани Пётри III (гертсоги Голштейнготтори) онро аз халокат начот дод. Пётри III бо Фридрихи II сулх ва иттифок баст. Дар асри 18 Пруссия хамрохи Россия ва Австрия Реч Посполитаро се маротиба таксим намуда, Познан, Варшава, Гданск, Торун ва нохияхои дигарро ба даст даровард. Дар давраи Револютсияи Кабири Франсия бо хамрохии Авст­рия, Иттифоки зиддифрансавии давлатхои Европаро ташкил кард. Соли 1806 ба Иттифоки 4-уми зидди- франсави дохил гардид. Дар мухорибаи назди Йен ва Ауэрштедт аз армияи Наполеон шикаст хурда, соли 1807 мувофики сулхи Тилзит кариб 1/2 худуди худро аз даст дод. Дар чангхо торумор шудани Пруссия аз фарсудагии системаи давлати ва крепостноию феодали шаходат дод. Ин вазъият хукуматро водор намуд, ки якчанд ислохот гузаронад. Дар Россия торумор шудани армияи На­полеон барои авч гирифтани муборизаи зидди Наполеон сабаб шуд. Мувофики сулхномаи Вена (1815) Пруссия ба 2/5 худуди Саксония, мулкхои сохили Рейн ва Вестфалия сохиб шуд.

Бахори 1848 дар Пруссия револютсияи буржуази-демократи cap шуд, ки максади он дар асоси демократи муттахид намудани мамлакат ва ба респуб­ликаи ягонаи демократи табдил додани Германия буд, вале ба ин доирахои хукмрони Пруссия монеъ шуданд. Бинобарон К. Маркс ва Ф. Энгелс хамчун тарафдори бархам дода шу­дани давлати Пруссия баромад карда, демократхои немисро барои химояи полякхо ва якчоя ба даст овардани озоди даъват намуданд. Револютсияи солхои 1848—1849 дар Германия ба итмом нарасид, мутлакият ва реаксия бархам нахурданд.

Пруссия солхои 1870—1971 ба мукобили Франсия чанг cap карда, вилояти Элзас ва Лотарингияи Шаркиро забт намуда, 5 млрд франк товони чанг гирифт. 18 январи 1871 империяи Германия ташкил ёфт, ки дар он Пруссия мавкеи хукмронро ишгол мекард; шохи Пруссия императори Германия шуд. Чангчуёни Пруссияю Германия дар саршавии Чанги якуми чахони ро­ли калон бозиданд.

Дар рафти Револютсияи ноябри 1918 дар Германия сулолаи Гогентсоллернхо сарнагун карда шуд, вале хукмронии «монополияхо ва юнкерхо боки монд. Дар Чанги дуюми чахони (1939—1945) торуморшавии Германияи фашисти ба куввахои иртичой ва милитаризми он зарбаи сахт зад. Мувофики карори Конференсияи Потсдам (1945) ба Иттифоки Со­вети шахри Кёнигсберг (хозира шахри Калининград) бо районхои атрофи он гузашт, ба Полша заминхои тарафи шаркии дарёи Одер ва Нейсеи Гар­би баргардонида шуданд. Солхои 1945—1946 дар территорияхое, ки ба минтакаи ишголии совети дохил мешуданд, дигаргунихои сотсиалию иктисоди ба амал бароварда шуданд. Ислохоти аграри ва милликунонии корхонахои саноати юнкерон ва монополистонро аз хаёти иктисоди ва сиёсии Германия дур кард. 25 феврали 1947 Совети назорат дар бораи бархам дода шудани дав­лати Пруссия конун кабул намуд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …