Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРУНАРИУ Думитру

ПРУНАРИУ Думитру

prunariudumdorian

ПРУНАРИУ Думитру (27. 9. 1952), шахри Брашов), лётчики кайхоннаварди Республикаи Сотсиалистии Руминия, Кахрамони Иттифоки Совети (1981), Кахрамони Республикаи Со­тсиалистии Руми­ния (1981). Аъзои Партияи Ком­мунистии Руми­ния аз соли 1973.

Баъди хатми Ин­ститути политехникии Бухарест (1976) чанд муддат дар заводи авиатсиони инженер шуда кор кард. Баъд мактаби харби-авиатсионии офитсеронро хатм намуда дар полки авиатсионии Армияи халкии Руминия хизмат кард. Унвони харбиаш подполковник — инженер (1981). Аз марти 1978 дар Маркази тайёрии кайхоннавардон ба номи Ю. А. Гагарин аз руи про­граммаи «Интеркосмос» ба парвози кайхони тайёри дид. Мувофики про­граммаи киштии идорашавандаи «Союз» ва стансияи мадории «Са­лют» курси пурраи тайёриро  гузашт. 14 май 1981 дар киштии кайхонии «Союз-40» (хамрохи Л. И. Попов) ба кайхон парвоз намуд. Киштии «Союз-40» 15. 5. 81 ба стан­сияи мадории «Салют-6» куш шуд. Кайхоннавардон П. Попов ва эки­пажи асосии «Салют-6» В. В. Ко- валёпок, В. П. Савиных дар кайхон 7 руз якчоя парвоз карданд. Баъ­ди ичрои бомуваффакияти программаи парвоз, ки олимони Республи­каи Сотсиалистии Руминия ва СССР тартиб дода буданд, кайхоннавардон Прунариу ва Попов 22 май 1981 бо киштии кайхонии «Союз-40» ба Замин баргаштанд. Бо ордени Ленин ва орде­ну медалхои Республикаи Сотсиа­листии Руминия мукофотонида шу­дааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.