Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПРУДОНИЗМ

ПРУДОНИЗМ

ПРУДОНИЗМ; як навъи сотсиализми майдабуржуазиест, ки асоси онро акидахои фалсафию сотсиоло­ги П. Ж. Прудон ташкил медихад; ислохотчигии ичтимоии маёдабуржуазиест, ки ба асосхои капитализм дахолат намекунад. Прудонизм моликияти калони капиталистиро хамчун Го­сплан «дузди» махкум намуда, дар айни хол коммунизмро инкор ва моликияти майдаи ба истисмори мехнати бегона вобаста набударо химоя кардааст. Прудон сарчашмахои хакикии истисмори синфиро дар чамъияти буржуази надониста, мубодилаи нобаробарро сабаби он медонист ва даъво мекард, ки истисмори синфиро ба воситаи ислохоти соф иктисоди дар доираи муомилот (мубодилоти молии бепул ва кредит» бефоида) нест кардан мумким аст. Мувофики акидаи Пру­дон дар натичан чунин ислохот, гуё хамаи мехнаткашон (дар шароити моликияти хусуси будани воситахои истексолот) ба истехсолкунандагони Мустакиле табдил меёбанд, ки дар асоси хамкории баробарона ба додугирифти мол мепардозанд. Ин утопияи майдабуржуази- Прудонро ба хулосае овард, ки бо рохи осоишта, дар асоси хамкории пролетариат ва кариб тамоми буржуазия, дар сурати аз муборизаи сиёси даст кашидан ва нест кардани давлат (давлат ба акидаи Прудон аслихаи асосии чу­дони чамъият, муфтхури ва истибдод аст) «револютсияи ичтимои»-ро 6а амал овардан мумкин аст. Пру­дон дар солхои Револютсияи 1848 ва махсусан солхои Империяи дуюм таълимоти худро инкишоф дода, даъво мекард, ки зиддиятхои чамъиятиро тавассути таъмини мувозинати куввахои ичтимоии чамъият хал кар­дан мумкин аст. Дар зимни ин Прудон масъалаи дигаргунсозии чамъиятиро бо масъалаи такомули маънавии шахс пайваст мекард. У бар зидди давлати мутамарказ баромада, ташкил кардани вилоятхои мустакили майдаро таклиф мекард. Прудон дар асри 19 дар Франсия ва дигар мамлакатхои дорои буржуазияи сершумори майда интишор гардидааст. Сексияи франсавии Интернатсионали I аввал аз тарафи прудонистон идора мешуд. Вале муборизаи катъии К. Маркс, Ф. Энгелс ва тарафдорони онхо ба галабаи пурраи марк­сизм бар Прудон анчом ёфта, сек­сияи франсавии Интернатсионал ба дасти ба ном прудонистони чап — тарафдорони муборизаи револютсио­нии синфи гузашт. Акидахои Прудон аз тарафи анархизми ошубталаби М. А. Бакунин истифода шудааст. Аз суи дигар назари интиходии Пру­донро ба демократия, фаъолияти партияхои сиёси ва муборизаи синфи идеологхои давраи империализм ва сонитар назариётчиёни фашизм инкишоф дода, васеъ истифода бур­данд.

proudhon

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …