Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРОТОПОПОВ Дмитрий Захаро­вич

ПРОТОПОПОВ Дмитрий Захаро­вич

protopopov-d-z

ПРОТОПОПОВ Дмитрий Захаро­вич (таваллудаш 1897, дехаи Констенки вилояти Воронеж), ходими давлати ва партиявии совети. Аз оилаи дехкони камбагал. Аъзои КПСС аз соли 1917. Соли 1916 дар Армияи подшохи хизмат кард. Аз соли 1917 котиби масъули комитети уезд, аъзои комитети губерния, раиси ЧК. комиссари харби, раиси комичроияи уезд ва аъзои комичроия губерния шуда кор кард. Соли 1918 дар сафи Гвардияи Сурх буд.

Соли 1919 бо ташаббуси Протопопов отряди ихтаёри ташкил шуд. У хамчун ко­мандир на комиссари ин отряд дар чангхои зидди дастахои Мамонтов ва Шкуро фаъолона иштирок намуд. Солхои 1920—1921 хамчун комиссар ва сардори участкаи чанги бар зидди дастахои Антонов мубориза мебарад. То соли 1926 ёрдамчии комиссари харбин губерния, комиссари штаби дивизия, чонишини сардор ва сардори шуъбаи сиёсии дивизия, ко­тиби масъули Комиссияи партияи дивизия буд.

Баъди хизмати харби солхои 1927— 1928 чонишини котиби масъулн Коллегияи партиявии Комиссияи назорати ВКЛ(б) дар губернатори Воронеж, 1928—1930 раиси Комиссияи назорати ВКП(б) дар округи Тамбов. Солхои 1930—1932 шунавандаи Курсхои марк­сизм дар назди КМ ВКП. Солхои 1932—1934 чонишини раиси Комис­сияи назорати ВКП(б) дар шахри Москва. Солхои 1934—1936 рохбари гурухи Назорати партиявию совети дар назди Комитети москвагии ВКП (б), аз июни 1936 котиби якуми Комитети партиявии райони Ленини шахри Москва. Сони, аз мохи ию­ли 1937 намоявдаи Комиссияи назо­рати партиявии КМ ВКП(б) ояд ба РСС Точикистон, октябри 1937—1946 котиби якуми КМ ПК(б) Точикистон.

Аъзои Комиссияи тафтишоти КМ ВКП(б) буд. Солхои 1937—1948 аъзои КМ ва аъзои Бюрои КМ ПК (б) Точикистон. Аъзои Президиуми Совети Олии РСС Точикистон (аз соли 1938). Депутати Совети Олии СССР (даъватхои 1—2), депу­тати Совети Олии РСС Точикистон (даъвати 1). Бо 2 ордени Ленин, ордени Байраки Сурхи Мехнат, ордени «Нишони Фахри», ордени Чанги ватани (дарачаи 2) мукофотонида шудааст.

М. Р. Солехов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.