Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПРОТОКОЛИ ЖЕНЕВА

ПРОТОКОЛИ ЖЕНЕВА

ПРОТОКОЛИ ЖЕНЕВА оид ба манъи газхои бугикунанда, захрдор, ё худ аз хамин кабил газхо ва воситахои бактериологи дар чанг (1925), созишномаи асосии байналхалки оид ба манъи чанги химиявию бактериологи. Давлатхои иштирокчии Протоколи Женева манъи истифодаи яроки химиявиро эътироф карда, ахд намуданд, ки ба чанги бактери­ологи низ рох намедиханд.

protocol-zheneva

То 1 январи 1972 29 давлат Протоколи Женеваро имзо ва ратификатсия намуданд, 36 давлати дигар онро имзо карданд ва ё бе ратификатсия хамрох шуданд.

СССР Протоколи Женеваро соли 1928 тасдик намуда, хангоми имзои он ду шарт ба миён гузошт: а) протокол хукумати СССР-ро танхо нисбат ба давлатхое ухдадор мешуморад, ки онро имзою тасдик карда, ба он катъиян хамрох шудаанд; б) агар ин ё он давлати душман, куввахои мусаллахи он, иттифокчиёни расми ё гайрирасмии он манъи нуктахои асосии протоколро ба эътибор нагиранд, хукумати СССР хам дар муносибати худ ба ин гуна давлатхо протоколро аз эътибор сокит мешу­морад. Протоколи Женева бемухлат аст. Давлатхои ба протокол имзогузошта ухдадор шудаанд, ки давлатхои дигарро ба хамрох шудан ба ин протокол чалб намоянд.

«ПРОТОН», 1) номи силсилаи радифхои маснуи Замини советист, барои тадкики фазои кайхони. Мас­саи зиёдтарини «Протон» такрибан 17 т. Солхои 1965—1968 № 4-то «Протон» cap дода шуд. 2) Ракетаи барандаи бисёрзинаи советист, ки бо сузишвории моеи кор мекунад. Барои cap додани аппаратхои кайхонии «Венера», «Зонд», «Луна», «Марс», «Салют», «Протон» ва гайра истифода мешавад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …