Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПРОСТАГЛАНДИНХО

ПРОСТАГЛАНДИНХО

prostaglandini

ПРОСТАГЛАНДИНХО     (аз лотини glandule — гадуд ва prostata — прос­тата), гурухи моддахои биогении фаъоли физиологие, ки дар як катор узву бофтахои организми одам, хайвонот ва баъзе растанихо хосил мешаванд. Простагландинхоро соли 1936 Эйлер аз нутфаи одам чудо кард. Солхои охир Простагландинхо дар таркиби дигар узвхои бадан низ ёфт шуданд. Простагландинхои холисро соли 1957 олимони Шветсия Бергстрем ва Шовалл чудо намуданд. Со­ли 1962 олими голланди Дорп бо хамкоронаш сохти химиявии онро муайян кард. Простагландинхо ба гурухи кисло­тахои хаднок мансубанд. Асоси Простагландинхо кислотаи органики буда, аз занчири 20 атоми карбон, ки бо халкаи сиклопентани пайваст аст, иборат мебошанд.

Дар организм Простагландинхо аз кислотлотахои хаднок (бештар аз кислотахои арахидони) дар зери таъсири ферментхои микросомии таркиби хучайрахо хосил мешаванд. Алхол аз таркиби организмхои гуногун зиёда аз 20 Простагландинхои табби чудо карда шудааст, ки ба 4 гухух (А, В, Е, F) таксим мешаванд; хар як гурух вобаста ба микдори бандхо боз ба гурухчахо чудо шуда, бо ракамхои 1 ё 2 ифода меёбад, масалан, ПА1, ва ПА2, ПЕ1,  ва ПЕ2,  ва гайра ПА1ва ПА2 асосан дар гурда хосил шуда, paгхои дохили онро васеъ ва гипертонияи ба иллати гурда вобастаро бартараф ва ПА1, ва ПА2 бошад, бронххоро васеъ ва нафаскаширо осон менамоянд. Дар СССР омузиши Простагландинхо аз соли 1960 cap шуд ва алхол дар тиб ПГ2 хеле маъмул аст.

Ах: Машковекий М. Д.. Лекар­ственные средства, МЕЛОД, 1977; Простагладинны, М., 1978.

Ю. Н. Нуралиев.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …