Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОСЕССХОИ ГЕОХИМИЯВИ

ПРОСЕССХОИ ГЕОХИМИЯВИ

ПРОСЕССХОИ ГЕОХИМИЯВИ, просессхои химиявии кишри Замин, ки дар шароитхои эндогени ва эк­зогени ба вукуъ меоянд.

slide0072-1

Просессхои эндогени дар чукурихои амик хангоми тагйирёбии доимии харорату фишор ва набудани оксигени озод руй медиханд. Дар ибтидои просесси эпдогени кишри Замин ба табакахои базалти (поёни) ва гранити (болои) чудо мешавад. Аз тагйирёбии магмаи базалти элементхои химиявии таркиби он ба гуруххо таксим мешаванд. Баъди хунук ва шах шудани магма даставвал пайвастхои охан, магний, хром, титан, никел, кобалт, силитсий, инчунин платина ва элемептхои гурухи он ба мине­рал табдил меёбанд. Хангоми хунукшавии магма руй додани Просесси геохимияви боиси пайдоиши чинсхои гуногуни магмави ва конхои маъдан мегардад.

Просессхои экзогени дар кисмхои болоии замин аз таъсири оксигени озод, просессхои коллоидшави ва фаъолияти мехнатии инсон ба амал меоянд. Бино ба таснифи А. Е. Ферсман просессхои экзогени 10 хел мешаванд: 1) гипергенези каъри — фарсоиш: 2) педогенез — хосилшавии кабати хок; 3) сингенез — дар каъри кавзахои об чамъ шудани тахнишастхо; 4) диагенез — ба чинсхои кухи табдил ёфтани тахнишастхои гуногун; 5) катагенез — ивазшавии атомхо дар чинсхои тахшини; 6) галогенез— аз махлулхои табии тахшин шудани намакхо; 7) гидрогепез — аз таъсири об дар чинсхои кухии халшаванда хосил шудани гор ва дигар ковокихо; механогенез — аз як чо ба чои дигар кучидани элемент ё ки мине­ралхо («конхои пошхурдаи тилло, касситерит, сиркоп, илменит ва алмос махсули хамин просессанд); биогенез — ба туфайли фаъолия­ти организмхо чойивазкунии элементхо; 10) техногенез — просессе, ки ба фаъолияти мехнатии одамон вобаста аст (кандани кон, гудохтани маъдан, ба киштзорхо нурихои маъдани рехтан ва гайра). Пайдоиши баъзе элементхо Просесси геохимияви махсусро талаб мекунад. Масалан, просесси галогенез барои пайдоиши калий, натрий, магний, сулфати хлор; просесси биогенез барои пайдо шудани карбон, азот, фосфор, йод, бром, сулфур роли мухим мебозанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …