Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПРОЛЕТКУЛТ

ПРОЛЕТКУЛТ

ПРОЛЕТКУЛТ, номи кутох кардашудаи ташкилоти адабию бадеи ва маданию маърифатии «Проле­тарская култура». Ин ташкилот дар арафаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ба вучуд омада, солхои 1917—1920 фаъолона амал кардааст. Назариётчиёни Пролеткулт акидаи бунёди маданиятн «сирф» пролетариро таргиб мекарданд, ки он ба марксизм мухолиф буд. Инкор намудани алокаи маданияти пролетари бо маданияти гузашта, дар сохаи хаёти мадани аз дехконон ва интеллигенсия чудо кардани коргарон мохияти асосии Пролеткултро ташкил медихад. Принсипхои Пролеткулт махсусан дар асархои А. А. Богданов равшан ифода ёфтаанд.

proletkult

Соли 1920 ташкилотхои Пролеткулт дорои 400 хазор аъзо буда, 80 хазор нафар одамон дар студия ва клубхои бадеи машгулият мегузаронданд. Кариб 20 журнали Пролеткулт («Горн» дар Москва, «Грядущее» дар Петроград, «Зарево заводов»  дар Самара ва гайра) нашр мешуданд. Ибтидои солхои20 ташкилотхои Пролеткулт дар Британияи Кабир, Гермамия ва гайра низ ба вучуд омаданд, вале онхо дер напоиданд.

Фаъолияти шоирон М. П. Гера­симов, В. Д. Александровский, В. Т. Кириллов, С. А. Обрадович, А. Маширов — Самобитник, Н. Г. Полетаев, В. В. Казни ва гайра бо Пролеткулт алокаманд буд. Соли 1920 шоирон Александров­ский, Казни, Обрадович, Полетаев ва дигарон аз Пролеткулт дур шуда, гурухи «Кузница»-ро ташкил намуданд. Акидахои Богдановро то андозае дигар рохбарони Пролеткулт (П. И. Лебедев — Полянский, П. М. Керженцев, В. Ф. Плетнёв, Ф. И. Калинин, П. К. Бес- салько) тарафдорй мекарданд. Майли Пролеткулт ба сепаратизму мухторият мухолифи принсипхои ленинии сохтмони чамъияти Сотиалисти буд. Масъалаи мустакилияти Пролеткулт аз давлату партия яке аз мавзухои мухими мубохисавии адабиёти давраги буд. 8 октябри  1920 В. И. Ленин ба муносибати съезди Пролеткулт, ки дар он зарурати мухторияташ бори дигар кайд гардида буд, лоикан резо­лютсияи «Дар бораи Пролеткулт»-ро тайёр намуд. Бо таклифи Бюрои Сиёсии КМ РКП (б) съезд резолютсияе кабул намуд, ки мувофики он Пролеткулт бояд минбаъд хамчун шуъбаи Комиссариати халкии маориф бо рохбарии РКП (б) кор мекард. Дар мактуби КМ РКП(б) «Дар бораи пролеткултхо», ки декабри 1920 дар газетаи «Правда» нашр шуда буд, муносибати партия ба Пролеткулт муайян гардида, акидахои назарии рохбарони он танкид карда шуд. Партияи Коммунисти дар асоси тахлили фаъолия­ти зарарноки ташкилоти Пролеткулт  нишон дод, ки аз заминаи мероси пешкадаи чудо шуда, маданияти нави сотсиалистиро барпо намудан имконнопазир аст. Аммо рохбарони Пролеткулт аз мавкеи пештараи худ даст накашиданд, ки дар бораи он маколаи В. Плетнёв «Дар фронти идеологи» («Правда» 27 сентябри 1922) шаходат медихад. Ин маколаро В. И. Ле­нин сахт танкид кард. Партияи коммунисти муносибати нигилистии идеологхои Пролеткултро ба маданияти пешкадами гузашта катъиян махкум ва инкор кард, ки ин барои ташаккули маданияти нави сотсиалисти ахамияти калон дошт. В. И. Ленин ба ин муносибат навиштааст, ки «Мадани­яти пролетари як чизи аз чои номаълум чахида баромадаги нест, гапи аз худ бофтаи одамоне нест, ки худро мутахассисони сохаи маданияти пролетари меноманд. Ин хама саросар сафсата аст. Маданияти пролетари бояд тараккии конунии хамон захирахои дониш бошанд, ки инсоният онхоро дар зери зулми чамъияти капиталисти, чамъияти помеши­ки, чамъияти амалдори хосил кардааст» (Ас., ч. 31, сах. 296—297). Дар солхои 20 Пролеткулт факат бо корхои театру клуб машгул буд. Соли1925 Пролеткулт ба иттифокхои касаба дохил гардида, 1932 бархам хурд. Пролеткулт ба акидахои кисме аз нависандагони точик хам таъсири манфи расондааст. Алалхусус эчодиёти Назруллои Бектош, Гулом Ализода, Акмал Аминзода ва Масъуд, ки дар он навовари ба анъана мукобил гузошта шуда, мафхуми «инкилоби адаби» яктарафа маънидод карда мешуд, мисол шуда метавонад. Ба таърихи адабиёт аз руи назарияи «чараёни ягона» бахо до­дан, пурзур будани таъсири Пролеткулт ва омухта нашудани адабиёти гузаштаи точик сабаби асосии ба вучуд омадани чунин акидахои гайриилми буд. Аз ин ру, онхо адабиётро, ки манфиати халкро ифода мекард, аз эчодиёти шоирони маддох, аз ада­биёти динию ирфони ва дарбории клерикали, ки ба манфиати синфи хукмрон мувофик буд, фарк карда наметавонистанд. Онхо исрор менамуданд, ки тамоми классикхои ада­биёти форсу точик ба амирон ва хукуматдорони иртичои хизмат кардаанд. Ин кабил нависандагон зиддиятеро, ки дар байни баромади синфи ва эчодиёти бадеии бисёр шоирон вучуд дошт, инкор менамуданд. Хатто бузургтарии шоиронеро, ки бо эчодиёти худ дар ганчинаи тамаддуни чахони хиссаи сазовор гузоштаанд, «сарояндаи феодализм» меномиданд. Онхо мафхумхои «маданияти феодали» ва «маданияти давраи феодали»-ро ба хам омехта, акидаеро таргиб мекарданд, ки тамоми маданияти гу­зашта аз гояхои иртичои сафшор аст. Онхо синфи ва партияви буда­ни адабиётро дарк карда натавонистаанд. Бартарафу фош кардани ин кабил акидахои лигилистона ва хаматарафа омухтани мероси гузашта шарти зарурии равнаку ривочи ма­данияти сотсиалисти, аз чумла ада­биёти советии точик буд. Соли 1930 дар хузури Комитети Ичроияи Марказии Советхои РСС Точикистон бо сардории А. Лохути таъсис шудани Комитети илми, охири соли 1932 кушода шудани базаи точикистонии Аф СССP ва соли 11951 ба Академияи фанхои РСС Точикистон табдил ёфтани он, бо карори КМ ПК (б) Точикистон аз 16 июли соли 1933 дар Душанбе ташкил карда шудани ганчинаи дастнависхо, соли1938 дар назди Комиссариати халкии маорифи РСС Точикистон таъсис шудани Институти забон ва хат, махсусан ташкил кардани Шуъбаи шаркшиносии АФ РСС Точикистон заминаи боэътимоди тахкики илмии мероси гузашта буд. Дар омузиши мероси гузашта ва барбод додани тахаюлоти пролеткултчиги сахми олимону нависандагони маъруф С. Айни, Б. Гафуров, М. Осими, М. Турсунзода, А. Мирзоев, А. Баховаддинов, Н. Маъсуми, 3. Рачабов, Ш. Хусейнзода, Р. Ходизода, М. Рачабов ва дигарон калон аст.

Ад.: Ленин В. И., О литературе и искусстве, МЕЛОД, 1989- Сайфуллоев А., Акидахои адабии Ленин ва адабиёти то­чик, Д., 1976; Смирнов И.. Ленинская концепция культурной революции и кри­тика Пролеткульта, дар мач.: Истори­ческая наука и некоторые проблемы со­временности, МЕЛОД, 1989; Горбунов В., Ленин и социалистическая культура, МЕЛОД, 1972; хамон муалл., В. И. Ленин и Про­леткульт, МЕЛОД, 1974.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …