Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРОКОПЕНКО Сергей Кузмич

ПРОКОПЕНКО Сергей Кузмич

ПРОКОПЕНКО Сергей Кузмич (таваллудаш 25. 10. 1923, дехаи Воронсовкаи райони Павловскийи вилояти Воронеж), ходими давлатии совети. Номзади илмхои иктисоди (1968). Аъзои КПСС аз соли 1945. Аз оилаи дехкон. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941— 1945). Мактаби одии мадсулоттайёркунии Вазорати мазсулоттайёркунии СССР-ро хатм кардааст (1952). Солхои 1944—1949 назоратчи, хисобии. чонишини намояндаи дар pайони Воронсовкаи вилояти Воронеж будан Вазорати махсулоттайёркулии СССР. 1949—1952 хонандаи Мактаби олии махсулоттайёркунии Вазорати махсулоттайёркунит СССР, 1952—1965 сардори Управленияи републикавии Точикистон оид ба сифати махсулоти хочагии кишлок ва сардори Инспексияи давлатии галла, 1965—1970 чонишини раиси Комитети давлати оид ба махсулоти галла ва саноати хуроки омехтаи чорвои РСС Точикистон, 1970—1973 чонишини вазир, 1973—1979 чонишини якуми вазир ва аз октябри 1979 то январи 1986 вазири махсулоттайёркунии РСС Точикистон. Аз январи 1986 вазири махсулоти галлагин РСС Точикистон. Прокопенко оид ба иктисодиёти махсулоттайёркуни, коркард ва нигахдории галла тадкикот бурда, беш аз 40 маколаву асархои илми навиштааст. Депутати Совети Олии РСС Точикистон (даъватхои 10—11). Бо ордени Байраки Сурхи Мехнат, ордени «Нишони Фахри» ва медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.