Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРОХОРОВ Александр Михайло­вич

ПРОХОРОВ Александр Михайло­вич

prokhorov-a-m

ПРОХОРОВ Александр Михайло­вич (таваллудаш 11. 7. 1916, Атертон, Авст­ралия), физики совети, яке аз асосгузорони  электроникпи ктванти,  акад. (1966; аъзо- корр. 1960), аъзои Президиум (1970) ва акад-котиби Шуъбаи физикаи умуми ва астрономияи АФ СССР (1973) Кахрамони Мехнати Сотсиалисти (1969). Аъзои КПСС аз соли 1950. Аз оилаи коргар — револю­тсионери рус, ки барои фаъолияти револютсиониаш ба Сибир бадарга шуда, баъд ба Австралия хичрат карда буд, таваллуд ёфтааст. Университети давлатии Ленинградро хатм намудааст (1939), Солхои1939— 1941ва 1944—1946 аспиранти Институти физикаи АФ СССР, 1941—1944 дар сафи Армияи Совети буд. Аз соли 1946 ходими Институти физикаи АФ СССР (аз       1954 мудири лаборато­рия аз 1968 чонишини директор). Профессори Университети давлатии Москва (аз 1959), мудири кафедраи Институти физика ва техникаи Москва (аз соли 1971). Сармухаррири Энсиклопедияи Калони Совети (БОЭ, аз 1969). Якчоя бо Н. Г. Басов усули принсипан нави бо ёрии системахои кванти генериронидани мавчхои электромагнитиро кор карда баромад ва аввалин генератори молекулавии бо дастаи молекулахои амиак коркунандаро бунёд кард (1954—1955). Якчоя бо хамкоронаш усулхои умдан лазерхои парамагнитиро инкишоф дод (1957—1958), татбики ёкутро дар электроникаи кванти пеш гузошт (1958), гояи бунёди резонаторхои кушод (1058) ва лазерхои газоди­намикиро (1967) пешниход кард. Асархои у доир ба сохтани лазерхои пуриктидори афканишоти инфрасурх ва сафед, оптикаи гайрнхатти, таъсири мутакобили резонанси ва гайрирезонансии афканишоти пуриктидори лазер бо модда оиданд. Прохоров лауреати Мукофоти ленини (1959) Мукофоти нобели-(1964) ме­бошад. Аъзои Академияи илму санъати Америка (1971) аст. Бо 2 ордени Ленин ва медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.