Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПРОГРЕСС

ПРОГРЕСС

ПРОГРЕСС (лотини progressus — харакат ба пеш, муваффакият), муко­били регресс. Тамоюли инкишоф, ки хосияти аз одди ба мураккаб, аз комил ба акмал гузаштанро дорад. Хануз аз даврахои кадим дар бораи тагйироти муттасили самтнок тасаввурот пайдо шуда буд. Аммо чунин тасаввурот бештар хусусияти баходихи дошта нисбат ба таърихи чамъият татбик мешуд. Кисми зиёди муаллифони атика таърихро вукуи ходисахое медонистанд, ки дар ниходи онхо тагйире дида намешавад. Аз ин ру, таърих гохо чун просесси регрессиви (Гесиод, Сенека) ва гохо чун ходисахои такроршаванда (Афлотун, Арасту, Полибий) тасвир мегардад. Гояи Прогресси таърихи дар асоси инкори эсхатологияи масехи ба вучуд омадааст.

progress

Фалсафаи ичтимоии буржуази дар заминаи рухияи оптимисти «тантанаи хирад»-ро ба оянда нисбат медод. Назарияи маорифпарварии Прогресс ба нест намудани муносибатхои феодали асос гузошт ва дар хамин замина системахои мухталифи сотсиализми хаёли ба вучуд омаданд. Аммо назарияи ратсноналистии Прогресс ба принсипи таърихият бегона буд. Он пешравии инкишофи таърихиро дар бар гирифта, хусусияти тазоди ва гуногуншакли, зарурати даврахои гузаштаро инкор мекард. Ратсионалистон Прогресси чамъиятро ба Прогресси тафаккури инсон вобаста медонистанд. Аввалин бор Ч. Вико ва махсусан Ж. Ж. Руссо хусусияти тазодии инкишофи таърихиро ба миён гузоштаанд. Г. Гегел мафхуми Прогрессро нисбат ба пешгузаштагонаш дурусттар маънидод намуд. Мувофики акидаи у таърих тагйироти одди набуда, он Прогресси дарки озодист, дар он гузашта заминаи ногузир барои ба вучуд омадани хозира мебошад. Вале Г.

Гогол Прогресси таърихиро инкишофи идеяи мутлак медонист ва аз ин сабаб у конунияти аз як форматсияи чамъияти ба дигар форматмия гузаштанро дуруст шарх дода натавонист.

Гогол таъсиси монархияи пруссиро нуктаи охириги Просесси чамъият медонад.

Марксизм-ленинизм дар заминаи фахмиши материалистии таърих ба масъалаи Прогресс муносибати материалистию диалектики намуда, меъёри объективии онро муайян намудааст. Меъёри объективии Прогресси чамъиятро асоси моддии чамъият ташкил медехад. Муносибатхои истехсоли бошанд, мунфасилии просессе таърихи ва шаклхои алохидаи конкретии онро ифода мекунанд. Инкишофи куввахои истехсолкунанда бар хилофи муносибтхои истехсоли каму беш хусусияти мутассили доранд. Бинобар ин В. И. Ленин манфиати инкишофи куввахот истехсолкунандаро «… меъёри олии прогресси чамъияти» медонад (Ас. ч. 13, сах. 249). Такомули омилхо ва ташкили мехнат хосилнокии онро ба­ланд бардошта, боиси инкишофи куввахои истехсолкунанда, кувваи кори, малакахои нави истехсолию илми ва дигаршавии таксимоти мавчудаи чамъиятии мехнат мегардад. Баробари Прогресси техника илм хам инкишоф меёбад. Нихоят, афзоиши хосилнокии мехнат боиси зиёдшавии микдори махсулоти изофа мешавад. Дар хамин замина василахои зарурии истеъмолии инсон, шаронти зиндагони ва хаёти маишии у тагйир меёбад. Дарачаи баланди тараккиёти куввахои истехсолкунанда, шакли мураккабтари муносибатхои истехсоли ва ташкилотхои чамъиятиро ба миён меорад. Дарачаи дарки куввахои стихиявии табиат, ки он дар инкишофи хосилнокии мехнат ва дарачаи озодии чамъият аз зери юги куввахои стихия­вии он, нобаробарии ичтимоию сиёси ва кафомонти маънавии одамои зохир мегардад, меъёри умумии Прогресси таърихи ба шумор мераванд. Ба ин маъни меъёри форматсияхои чамъияти ибтидои, гуломдори, феодали, капиталисти ва коммунисти даврахои конунии инкишофи пай дар пайи инсоният мебошад. Аммо шакл ва суръати инкишофи онхо пурихтилоф буда, аз якдигар фарк мекунанд. Барои чамъияти чамоати ибтидои ва гуломдори суръати сусти инкишоф хос аст. Дар замони капитализм дар баробари суръати баланди инкишофи истехсолот, куввахои истехсолкунанда ва муносибатхои истехсоли антагонизми синфи авч мегирад. Моликияти хусуси боиси нобароба­рии дарачаи инкишофи сарватхои модди ва маънавии чамъият, аз хисоби истисмори берахмонаи халххои мустамлика бой шудани мамлакатхои капиталисти, пурзур шудани бегонашавии мехнат ва гайра мегардад. Холо дар микёси чахони аз капи­тализм ба сотсиализм гузаштан шохрохи Прогресси чамъияти мебошад. Коммунизм дарачаи баланди инкишофи чамъият, (фаровонии неъматхои моддию маънавиро таъмин намуда, дар ин асос тафовути байни шахру дехот, мехнати фикрию чисмони ва антаго­низми синфиро бархам медихад. Факат коммунизм Прогресс хакикии таърихиро таъмин карда метавонад. Мафхуми Прогресс ба илмхои табиатшиноси хам хос аст. Прогресс дар ин чо хам мисли хаёти чамъияти ахамияти нисби дорад. Мафхуми Прогресс ба Коиноти том татбик намешавад, зеро дар он чараёни муайяну якчонибаи инкишоф дида намешавад. Бисёр просессхои олами гайриорганики низ ба ин ко­нуният тобеъ нестанд.

Ад.: Давиташвили Л. Ш., Очер­ки по истории учения об эволюционном прогрессе. М., 1956; Проблемы развитая в природе и обществе. Об. ст.. М.—Л., 1958; Семенов Ю. Н., Общественный прогресс и социальная философия со­временной буржуазии, М., 1965; Джу­ну с о в М., Общественный прогресс и национальные отношения, Алма-Ата, 1976.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …