Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПРОГРАММАИ ИСТЕХСОЛИ

ПРОГРАММАИ ИСТЕХСОЛИ

ПРОГРАММАИ ИСТЕХСОЛИ, дар хочагии сотсиалисти супорпши истехсолот ва фуруши микдори муайяни махсулоте, ки мувофики но­менклатура ва сифат мукаррар кар­да шудааст; сохаи мухимми плани давлатии тараккиёти хочагии халк, плани соха ва корхона (иттиходия). Хангоми тартиб додани Программаи истехсоли тала­боти ба махсулот доштан хочагии халк ва ахолиро ба назар мегиранд. Инчунин таносуби зарурии байни сохахои истехсолоти модди ва алокахои байнирайони (мувофики чой­гиршавии он) ба назар гирифта ме­шавад.

programmai-istehsoli

Дар СССР шакли асосии планкатии Программаи истехсоли планхои  панчсола мебошанд, ки ба солхо таксим карда мешаванд. Программаи истехсолиро дар плани панчсола мувофики номенклатураи муттахида тартиб медиханд, ки он дар плани панчсола аник мегардад. Дар планхои хочагии халки СССР ва республикахои иттифоки Программаи истехсолии саноат бо хачму суръати афзоиши махсулоти ба гуруххои «Л» ва «Б» таксимшиванда ва номгуи маснуоти мухимтарини натурали аз руи содахои чудогона тавсиф мешавад. Нишондодхои асосии Программаи истехсоли дар плани хочагии халк махсулоти умуми мебошанд. Дар Программаи истехсолии соха хачм ва номенклатураи махсулотеро, ки бояд хатман тайёр карда фурухта шавад, нишон медиханд. Планхои панчсола ва солонаи корхонахо (иттиходияхо)-ро мувофики хачми истехсолот ва фуруши махсулот дар асоси супоришоти давлати тартиб медиханд. Навъхои гуногуни махсулот, яъне номгуи навъхо, артикул, хачм, фасон ва расмро дар шартномахои байни истехсолкунаяда ва истеъмолкунандагон нишон медиханд. Хачми махсулоти фурухташуда ва номенклатураи мухимтарин нишондихандахои тасдикшавандаанд; махсулоти умуми ва моли хисобест, ки худи корхона муайян мекунад ва барои асоснок кардани нишондихандахои тасдикшаванда истифода бур­да мешавад. Программаи истехсолии солонаи корхонаро мувофики даврахои плани, инчунип сеххо, участкахо ва чойхои кори таксим мекунанд.

Ад.: М а з а л о в Е. В., План произ­водства и реализации продукции, М., 1972.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …