Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПРОГРАММАИ АГРАРИИ КПСС

ПРОГРАММАИ АГРАРИИ КПСС

ПРОГРАММАИ АГРАРИИ КПСС, кисми таркибии программам умумии Партияи коммунисти, ки вазифахои асосии партияро аз руи масъалаи аграри муайян мекунад. Дар давраи тайёр карданн револютсияи буржуази-демократи дар Россия (1903—1917) Программа ба нест кардани хама гуна бокимондахои феодали-крепостнои дар муносибатхои аграрии Россия нигаронда шуда буд ва талаб мекард, ки тамоми замин ба истифодаи дехконон дода шавад, то ки барои мубориза бахри ба револютсияи сотсиалисти сабзида расидани револютсияи буржуази-демократи шароити мусоидтаре фарохам ояд. Принсипхои асосии Программаро В. И. Ленин дар асараш «Дустони халк» чист ва онхо ба мукобили сотсиал-демократхо чи тавр мечанганд?» ва маколахои сершумори баъдинааш баён карда буд. В. И. Ленин чунин мешуморид, ки партияи коргари дар Россия бояд ба пурра кашида гирифтани замини поме­шики ва милли кунондани тамоми замин бикушад.

agrari

Программаи дар Съезди 2-юми РСДРП кабулшудаи партия дар масъалаи аграри талаб мекард, ки андози замин, хама гуна ухдадорихои дехконон, инчунин хамаи конунхое, ки хукуки дехконро дар бобати замин махдуд мекарданд, бекор карда шаванд; он маблагхое, ки аз дехконон дар шакли андозхои замин ситонда шуда буданд, ба онхо пас гардонда шаванд; он заминхое, ки вакти бекор карда шудани хукуки крепостнои аз дехконон кашида гирифта шуда буданд, ба онхо баргардонда шавад; барои ин комитетхои дехкони таъсис карда ша­ванд.

Дар Съезди 2-юми РСДРП В. И. Ленин ба дехконон баргардондани отрезкахоро тавсия кард. Аммо, вакте ки револютсия cap шуд ва ошубхои дехконон авч гирифтанд, маълум шуд, ки программаи баргардондани отрезкахо акнун дехкононро конеъ кунонида наметавонад, дехконон акнун сохиби хамаи за­мини помешикон шудан мехоханд. Аз ин ру Съезди 3-юми РСДРП (апрели 1905) дар резолютсияаш «Дар бораи муносибат ба харакати дехкони» таъкид намуд, ки сотсиал-де­мократия, хамчун партияи проле­тариат «…хаминро вазифаи худ карор медихад, ки ба хамаи тадбирхои револютсионии дехконон, ки ахволи онхоро бехтар кунонда тавонанд, хатто ба тадбири мусодира кардани заминхои помешикхо, давлат, калисохо, монастирхо ва  за­минхои удели бо камоли гайрат тарафдори кунад…» (КПСС дар ре­золютсияхо ва карорхои съездхо, конференсияхо ва пленумхои КМ, чилди I, сах. 122—123).

Дар Съезди 4-уми РСДРП як кисми болшевикон бо сардории В. И. Ленин программаи милликунонии замин ва кисми дигари болшевикон программаи хамчун моликияти хусуси ба дехконон таксим карда додани замини помешиконро пешниход карданд. Меншевикон, ки дар съезд аксариятро ташкил мекарданд, программаи мунитсипаликуноипро пешниход намуданд. Мувофики он помешиков мебоист замини худро ба органхои худидоракунии махалли фурушанд ва дехконон онро аз ин органхо ба ичора гиранд.

В. И. Ленин дар асархояш “Маъруза дар бораи Съезди муттахидкунандаи РСДРП” (соли 1906), «Програм­маи аграрии сотсиал-демократия дар Револютсияи якуми руси солхои 1905—1907” ва гайра аз чихати назари ва иктисоди беасос ва аз чихати сиёси зарарнок будани программаи мешевикии мунисипаликунонии замин ва хато будани программаи ба дехконон таксим карда додани заминро нишон дода, мумкину лозим будани ичрои программаи милликунонии заминро аз чихати назарияви асоснок кард.

Программа ахамияти калони таърихи дошт. Партия онро таргиб карда, савияи сиёсии оммаи дехкононро баланд мебардошт. Дехконон бовари хосил карданд, ки программаи партияи болшевикон на танхо манфиати коргарони саноат, балки манфиати миллионхо дехконони майдаро низ, ки аз тарафи помешикону капиталистон истисмор мешуданд, ифода мекунад. Дар айни замон тачрибаи чор думаи  подшохи дехкононро ба кулли бовар кунонд, ки бур­жуазия ба онхо замин намедихад ва дар мубориза барои замин ва озоди ягона кувваи эътимодбахш иттифоки онхо бо пролетариат мебошад.

Муборизаи якчояи синфи коргар ва дехконони мехнаткаш галабаи револтсияи буржуази-демократиро таъмин кард, мутлакияти подшохи дар Рос­сия сарнагун карда шуд. Аммо Хукумати муваккатии буржуази ба сари хокимият омада, дар мамлакат дигаргунихои демократи нагузаронид. Вай инчунин заминро милли накунонд.

Дар Тезисхои апрелии В. И. Ле­нин, карорхои Конферентсияи 7-уми (апрелии) умумироссиягии болшевиков (соли 1917) ва Съезди 6-уми партия (июл — август 1917) Программа минбаъд инкишоф ёфт. Дар онхо талаби мусодира намудани замини по­мешикон ва милли кунонидани хамаи замин дар мамлакат ба мадди аввал гузошта шуд. Партия карор кард, ки фавран ва якбора дар та­моми мамлакат ташкилотхои мустакили батракхо ва камбагалони кишлок барпо карда шавад, ташаббуси комитетхои дехкононро дар хусуси коркарди якчояи замин, ба истифодаи чамъияти гирифта додани асбобу анчоми помешикон дастгиори намояд, дар асоси хочагихояш дуруст барохмондашудаи помеши­кон дар зери рохбарии Советхои де­путатхои коргарони хочагии кишлок хочагихои намунавии чамъияти барпо кунад. Ичрои ин вазифахо барои гузаштан ба мехнати коллек­тиви дар зироат асоси модди ба вучуд меовард.

Галабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр халли масъалаи аграриро таъмин намуд. Мувофики Декрети замин, ки дар рузи якуми Хокимияти Со­вети кабул карда шуд, тамоми за­мин дар мамлакат милли кунонда шуда, ба истифодаи дехконон дода шуд. Дехконон 150 миллион десятина замини помешиконро бемузд ба истифода гирифтапд. Гайр аз ин соли 1918 комитетхои камбагалон 50 миллион десятина заминро аз кулакхо кашида гирифта, ба дехконони камбагал доданд. Револютсияи пролетари дехкононро аз ичорапули ба поме­шикон, ки соле 700 миллион суми тиллоро ташкил мекард ва аз ташвиши чамъ намудани пул барои харидани замин озод намуд.

Аммо Декрети замин дар тамоми мамлакат якбора ичро нашуд. Дар нохияхои акибмондаи миллии мам­лакат, ба монанди Туркистон солхои аввали Хокимияти Совети, замин дар дасти бою феодалхо боки монд. Дар як катор чойхои Осиёи Миёна, хусусан дар нохияхои маркази ва чануби Точикистон, баъзе вилоятхои Туркманистон, ки дар он чо ислохоти обу замин гузаронда нашуда буд, муносибатхои феодалию патриархалии аграри танхо дар солхои 30 дар рафти коллективонии саросари хочагии- кишлок пурра бархам хурданд.

Дар программаи партияи болше­викон, ки Съезди 8-уми РКП (б) марти 1919 кабул кард, кайд кар­да мешуд, ки Хокимияти Совети тадбирхои ташкил намудани зироати мутараккии сотсиалистиро пеш гирифтааст, аз чумла: 1) барпо кар­дани хочагихои совети, яъне хочагихои калони сотсиалисти; 2) мадад расондан ба чамъиятхои хочагии кишлок ва инчунин ба ширкатхои киштукори замин; 3) бо рохи давлати ташкил кардани киштукори хамаи заминхои киштношуда (аз они дар касе ки бошад); 4) бо рохи давлати сафарбар кардани хамаи куввахои агро­номи барои баланд бардоштани да­рачаи маданияти хочагии кишлок; 5) мадад расондан ба коммунахои хочагии кишлок (иттифокхои комилан ихтиёрии дехко­нон барои пеш бурдани хочагии ка­лони чамъияти).

Баъд аз галабаи Хокимияти Со­вети вазифаи, аз хама мураккабу душвор — дар асоси сотсиалисти аз нав сохтани хочагии кишлок буд. В. И. Ленин дар плани кооперативии гениалонаи худ рохи халли ин вазифаро нишон дод.

Партияи коммунисти плани кооперативии В. И. Ленинро ба амал тадбик намуд. Хочагихои яккадасти дехконон ба хочагихои калони со­тсиалисти муттахид гардиданд, син­фи охирини истисморгар — кулакхо нест карда шуд, дар дехот колхозу совхозхо шакли асосии хочагии со­тсиалисти шуданд. Хочагии кишлок мамлакатамон дар рохи ба кор бурдани муваффакиятхои илму техника кадами калоне ба пеш гузошт. Иттифоки синфи коргар ва дехконон ба дустии байни онхо ва асоси мустадками сохти совети табдил ёфт. Хочагии кишлоки сотсиалистии мамлакати мо дар солхои сохтмони осоишта ва давраи Чанги Бузурги Ватани афзалияти худро чи бар хочагихои майдамолии дехконон ва чи бар хочагии калони капиталисти намоиш дод.

Тахрири нави Программаи КПСС, ки Съезди 27-уми партия (1986) ка­бул кард, роххои асосии тараккии хочагии кишлоки совети ва инкишофи муносибатхои чамъиятиро дар кишлок дар давраи сохтмони ком­мунизм муайян намуд.

Дар он кайд шудааст, ки баробари саноати пуриктидор ба вучуд овардани хочагии кишлоки мутаракки шарти хатмии барпо намуда­ни коммунизм мобошад. Партия тараккиёти босуръати куввахои истехсолкунандаро таъмин менамояд ва ин имконият медихад ду вазифаи асосии ба хам алокаманд хал шаванд:

а) ба даст овардани озукаи фаровони хушсифат барои ахоли ва ашёи хом барои саноат; б) тадричан ба муносибатхои чамъиятии коммунисти гузаштани дехоти совети, асосан бархам додани фарки байни шахру дехот.

Рохи асосии тараккии хочагии кишлок ва бо махсулоти он конеъ гардонидани талаботи рузафзуни мамлакат — механиконии хаматарафа ва интенсивонии собиткадамона, дар хамаи колхозу совхозхо дар асоси илм ва тачрибаи пешкадам муваффак шудан ба маданияти баланди зироат ва чорводори, баланд бардоштани хосил ва зиёд кардани махсулоти хар як гектар бо сарфи хар чи камтари мехнат ва маблаг мебошад. Дар хамин асос муваффак шудан зарур аст, ки максулоти хочагии кишлок мувофики талаботи чамъият пай дар пай афзояд. Хочагии кишлок аз чихати мусаллахи бо техника ва ташкили истехсолот ба дарачаи саноат наздик мешавад; мехнати дехконон ба як навъ мехнати коргарони саноат табдил меёбад; вобастагии хочагии кишлок аз офатхои табии хеле кам шуда ба минимум мерасад.

Партия дар Пленуми мартии (1965) КМ КПСС, дар съездхои 23—27 КПСС шароиту имкониятхои навро ба назар гирифта, тадбирхои таъсирбахши тараккиёти хочагии кишлоки мамлакатро кор карда баромада, онхоро дар хаёт татбик карда истодааст. Онхо дар мархалаи хозира асо­си Программаро ташкил медиханд. Дар асо­си карорхои Съезди 26-уми КПСС Программаи озукаи СССР то 1990 тартиб дода шуд. Пленуми майии (1982) КМ КПСС як катор карорхои КМ КПСС ва Совети Вазироин СССР- ро оид ба масъалахои конкретии Программаи озука маъкул дониста тасдик кард. Дар онхо натичахои тараккиёти босуръати комплекси аг­рарию саноатии мамлакат чукур ва хаматарафа тахлил шуда, роххо ва усулдхи тараккиёти минбаъдаи он муайян шуданд, то ки вазифаи пай дар пай бо озука таъмин намудани ахоли дар муддати кутохтарин хал гардад. Дар ин хуччатхо Приграмма дар мархалаи хозира боз хам инкишоф дода шуд.

Партия программаи аграриро кор карда, хаминро ба инобат мегирад, ки дар рафти сохтмони коммунисти роли хочагии кишлок торафт баланд мешавад. Зеро пайваста таракки кардани ис- тсхсолоти хочагии кишлок шарти хатмии тараккиёти плании тамоми иктисодиёти мамлакат мебошад. Тараккиёти бомуваффакияти зироат ва чорводори яке аз шартхои мухимтарини баланд бардоштапи некуахволии халк аст. Махсулоти хочагии кишлок ва молхои саноатие; ки аз ашёи хочагии кишлок истехсол мешаванд, кариб аз чор се кисми фонди истеъмолии халкро ташкил модиханд. Гайр аз ин, хочагии кишлок сарчашмаи мухими сарватгункунии сотсиалисти буда, барои халли вахифахои умумихалки зарур аст.

Барои тараккиёти хочагии кишлок мустахкам намудани базаи иктисоди, инчунии кори хаматарафа ва ба максад мувофики ташкилоти ва сиёсии органхои партияви, совети, хочаги ва ташкилотхои чамъияти, мутахассисони хочагии кишлок ва хамаи мехнаткашони сохахои гуногуни хочагии халк, ки бо хочагии кишлок алокаманданд, зарур аст. Дар заминаи муборизаи якчоя барои тараккиёти хочагии кишлок иттифоки синфи коргар ва дехконони колхози, олимон ва мутахассисон, дустии халкхои мамлакатамон боз хам мустахкам мешавад, ки ин иктидори давлати моро боз хам пойдор мегардонад.

Программа ва дар амал татбик намудани тачрибаи фаровоне, ки партия дар ин бобат хосил намудааст, ахамияти умумичахонию таърихи дорад, чунки навсозии сотсиалистии кишлок ва равнак додани куввахои истехсолкунандаи он барои хар як мамлакати дунё шарти мухимтарини ба сотсиализм гузаштан аст.

Х. Ахмадов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …