Маълумоти охирин
Главная / Илм / «ПРОГНОЗ»

«ПРОГНОЗ»

8fc65828c5

«ПРОГНОЗ», номгуи силсилаи радифони маснуи советии Замни — расадхонахои офтобии махсус, ки барои тадкики просессхои хуручи Офтоб, таъсири он ба мухити байни сайерахо ва магнитосфераи Замин таъин шудаанд. «Прогноз»-и аввалин 14 апрели 1972 cap дода шуд. «Прогноз» ба мадори эллипси (дар апогей 200 хазор км ва дар перигей 550 км) аз ма­дори мобайнй (мадори радифи маснуи Замин) бароварда мешавад. Масалан «Прогноз» 845 кг аст. Дар корпуси герметии «ПРогноз» асбобхои илми, аппаратураи комплекси радиотелеметри, системахои танзими харорат, таъминоти энергия ва ориентирони ба Офтоб чойгиранд. Як кисми аппаратхои илми дар беруни корпус чой дода шудаанд. Аппаратхои ил­ми барои тадкики афканишоти корпускулави, гаммаафканишхо ва аф­канишоти рентгении Офтоб, сели плазмаи Офтоб ва таъсири он ба магнитосфераи Замин, инчунин ба­рои тадкики майдонхои магнитии фазои наздизаминии кайхон хизмат мекунанд. Баъзе асбобхои «Прогноз» якчоя бо он доими ба Офтоб ориентиронида шудаанд. Мухлати хизмати фаъоли «Прогноз»-хо беш аз 1 сол аст. То 1 январи 1985 9-то «Прогноз» cap дода шудааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …