Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОГНОЗИ ЗИЛЗИЛА

ПРОГНОЗИ ЗИЛЗИЛА

ПРОГНОЗИ ЗИЛЗИЛА, мафхуми сейсмологист, ки чою вакт ва кувваи заминчунбихои сахтро муайян мекунад. Прогнози зилзила зимни мушохидаи тагйироти параметру ходисоти гуногуни атрофи Замин (хам дар каър ва хам дар атмосфераи он) ба амал бароварда мешавад. Аномалияи назаррас, ки аз киматхои мутавассити пеш аа зухури зилзилахои сахт бадастомада фарк мекунад, нишонахои зилзила номида мешавад. Ин нишонахо дар мархилахои гуногуни тадорук пайдо мегарданд. Вобаста ба ин се навъи асосии Прогнози зилзила мавчуд аст: дарозмуддат, миёнамуддат ва кутохмуддат.

p-zaminjunbi

Прогнози зилзилаи дарозмуддат дар харитахои имрузаи нохиябандии зилзила оварда шуда аст, ки онхо аксаран дар мавзеъхои гуногун ба амал омадани зилзилахои 7, 8 ва 9-балларо нишон медиханд (ниг. Зилзила). Ин маълумот аз руи такрорёбии зилзилахои миёнабалла муайян карда мешаванд. Дар баъзе минтакахо ба сифати нишонаи дарозмуддати Прогнози зилзила ба ном мафхуми «оромиши сейсмики»-ро низ истифода мебаранд. Катъи назар аз он, ки дар гузашта зилзилахои сахт ба вукуъ омадаанд, дар ин минтакахо ба муддати зиёд хомушии зилзила мушохида меша­вад. Энергияи зилзилаи сахти оянда ва вакти ба вукуъ пайвастани он зимнн давомоти «оромиши сейсмики», савияи энергетикии зилзила ва мухити фарогирии он такрибан бахо дода мешавад. Аз руи тагйирёбинои тулонии суръати деформатсияи сатхи Замин, ки дар накбхои махсуси сохташуда бо ёрии тамоилсанчу деформографхо чен кар­да мешаванд, тагйир ёфтани режи­ми сейсмики, даври хуруч кардани ходисоти сейсмики ва баъзе дигар аломатхо прогнози дарозмуддатро тартиб медиханд. Прогнози зилзилаи дарозмуддат имконияти аз як то чанд сол ва Прогнози зилзилаи миёнамуддат аз як мох то як сол ба вукуъ омадани зилзилаи сахтро муайян мекунад.

Прогнози зилзилаи миёнамуддат дар асоси чен кардани механизми манбаъхои сусти зилзила ва куввати миёнаи зилзилаи мавзеъхои тадкикшаванда, аномалияхои суръатхои пахноиши мавчхои сейсмики дар каъри замин, тагйир ёфтани муковимати чинсхои кухи хангоми аз онхо гузаштани чараёни баландкувва, омилхои геохимиявии мухит, аз чумла обхои гарми чоххо (радон, гелий, карбон ва дигар элементхо), фишор ва карорати оби гармчашмахо ва гайрахо тартиб дода мешаванд. Одатан хама гуна тагйирот дар вохиди вакт шакли мавчи мегиранд, яъне бузургии параметрхо бо охистаги нишеб (ё худ фароз), сони боз фароз (ё худ нишеб) мераванд ва дар мархилаи ба савияи нормал расидан заминчунбии сахти пешбинишуда ба вукуъ меояд. Параметрхое, ки чен кардани онхо зарур аст, дар каъри Замин номунтазам пахн шудаанд, аз ин ру муайян кар­дани мавзеи асл, кувва ва вакти вукуи зилзила душвортар мегардад.

Нишонахон кутохмуддати заминчунби то чанд руз, ё худ то чанд соати ба вукуъ пайвастани зилзила зохир мешавад. Дар масохати як андоза калон (баъзан дар радиуси то 1000 км) вобаста аз куввати заминчунбии оянда ба кулли тагйир ёфтани тамоюл ва деформатсияи сатхи Замин, вектори майдони магнитии Замин, мизони чараёни оби чоххо ва хавзахои табииро мушохида мекунанд. Дар баъзе холатхо афканишоти радиомавчи акустикиро кайд кардаанд, лаппиш ва партави ионосфера ва афрузишхои равшаниро мушохида намудаанд. Одамон хануз аз даврахои ка­дим мушохида кардаанд, ки дар наздикихои маркази заминчунбихои сахт чанд соат пеш аз вукуи офати табии хайвонхо, мургу хазандахо бесаранчом мешаванд.

Ба туфайли инкишофи илмхои сейсмологи микдори нишонахое, ки пешомади заминчунбиро муайян мекунанд, то рафт зиёд шуда истодааст. Тахмине меравад, ки зилзилахои фалокатбор хама гуна ниташонахои замикчунбихои дарозмуддат, миёнамуддат ва кутокмуддатро доранд. Зилзилахои иктидорашон миёна танхо нишонахои заминчунбихои миёнамуддат ва кутохмуддатро дошта метавонанду бас.

Азбаски фаркияти тамоюли па­раметри нишонахои зилзилахои миёнамуддат ва кутохмуддат дар чараёни вакт гуногунанд, бинобар ин боэътимодии хар кадоми онхо дар алохидаги чандон баланд нестанд. Аз ин ру, холатхои баргалати нишонахои заминчунби низ мушохида шудаанд. Бо ин максад дар тартиб додани Прогнози зилзила ба таври комплекси истифода бурдани хама гуна нишонахои заминчунби хатмист.

Дар вакти хозира методхои тартиб додани Прогнози зилзила чандон боэътимод нестанд. Дар республикахои Осиёи Миёна ва Казокистон, инчунин дар як катор нохияхои зилзилахези СССР бо максади баланд бардоштани боэътимодии Прогнози зилзила марказхои регионали таъсис ёфтаанд. Рохбарияти марказии Прогнози зилзилаи осиёимиёнаги ба ухдаи Институти сейсмоло­гия ва сохтмони зилзилабардори АФ РСС Точикистон аст. Дар республика доир ба зиёд кардани пунктхои сейсмо­логи, гузаронидани мушохидахои тамоюли, магнити, геохимияви, ин­чунин доир ба автоматонидани коркарди натичахои мушохида чорахо андешида истодаанд.

Ад.:       Поиска предвестников земле­ трясений на прогностических полигонах,

М., 1974; Бабаев А. М., К о ш л а к о в Г. В., Мирэоев К. М., Сейсмическое районирование Таджикистана, Д.. 1978; Сборник советско-америкаских работ по прогнозу землетрясений, т. I. кн. 1—2, Д. М., 1976—79.            К. Мирзоев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …