Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПРОФЕССОР

ПРОФЕССОР

professor

ПРОФЕССОР (лотини professor — муаллим), унвони илми, вазифаи муаллими мактаби оли ё ходими муассисаи илмист. Истилохи «Профессор» бори аввал дар империяи Рим истифода шуд (миёнаи асри 1 то мелод охири асри 5 мелод), ки дар он муаллими мактабхои грамматикию баёни нуткро Профессор меномиданд. Асрхои 17—18 унвони Профессор дар мактабхои Россия хам расм шуд. Дар мактабхои оли ва муассисахои илми-тадкикотии СССР доир ба додани унвони Профессор аввал комиссияхои квалификатсионии комиссариатхои халки карор мекарданд. Бо карори СКХ СССР аз 26 апрели 1938 функсияхои он ба Комиссияи олии аттестатсиони дода шуд. Унвони Профессор холо мувофики «Низомномаи оид ба тартиб додани дарачаи илми ва унвони илми», ки Совети Вазирони СССР аз 29 декабри 1975 тасдик кардааст, дода мешавад. Профессорро советхои махсуси илмии мактабхои оли ва муассисахои илми пешниход мекунанд. Дар РСС Точикистон холо (1985) 169 Профессор хаст. Дар баъзе мамлакатхо (масалан, Австрия, Белгия, Югославия, РФГ ва гайра) муаллимони мактаби миёнаро низ Профессор меноманд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …