Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОЕКСИЯ

ПРОЕКСИЯ

ПРОЕКСИЯ (лотини projсere — пеш партофтан), тасвири хамворест, ки дар натичаи проектирони хосил мешавад. Проектиронидани маркази, параллели ва ортогонали (росткунчаги) мавчуданд. Дар проектиронии маркази хамвории проексияхо Н ва маркази проексияхо S дода мешавад. Барои сохтани проек­сияи ягон шакли геометри (масалан, секунчаи АВС, ) аз маркази проексияхо S ва куллахои секунча А, В ва С шуоъхо гузаронда, нуктахои буриши онхо ва хамвории проексияхо (А1, В1, С1 )-ро муайян карда, онхоро бо хам мепайванданд. Секунчаи АВС— асли предмет, секунчаи А1 В1 С1— проексияи маркази, хатхои рости SA, SB, SC — шуоъхои проексиякунанда ва хамворихои секунчахои SAB, SAC, SBC — хамворихои проексиякунанда ном доранд.

proeksiya

Дар проектиронии парал­лели замвории проексияхо Н ва самти проектирони S дода мешаванд. Дар ин маврид барои сохтани проек­сияи ягон шакли геометри (масалан, секунчаи АВС) шуоъхои проексиякунандаро аз куллахои секунча А, В ва С ба самти проектирони S параллел карда гузарондан лозим аст. Проексияи параллели дар яавбати худ вобаста ба самти шуоъхои проексиякунанда нисбат ба хамвории проексияхо ба проексияи параллелии качкунча ва проексияи параллелии росткунча чудо мешавад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …