Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПРОБЛЕМАХОИ УМУМИЧАХОНИ

ПРОБЛЕМАХОИ УМУМИЧАХОНИ

ПРОБЛЕМАХОИ УМУМИЧАХОНИ, проблемахои г л о б а л и, масъалахои хаётан мухими замонаро гуянд, ки дар рафти инкишофи чамъият ва инкилоби илму техника сурат гирифта, аз чихати микёсу ахамияташон ба хамаи халку мамлакатхои дунё баробар дахл доранд. Доираи мазмуну мундаричаи Проблемаи умумичахони хеле васеъ аст; онхо чихатхои иктисоди, сиёси, хукуки ва маънави доранд, ки ба хам сахт печидаанд ва дар чараёни таъсири мутакобиланд.

problemai-jahoni

Дар байни Проблемаи умумичахони мухимтаринашон инхоанд: 1) мухофизат кардани насли одамизод аз хатари чанги чахони, аз як су ва аз суи дигар — аз таъсири омилхои зараровари мутаген (афканишоти ионизонанда ва ултрабунафш ва инчунин аз хар гу­на касдхое, ки ба комёбихои илм асос ёбанд хам, зотан ба рухи гуманистии илм бегонаанд (аз чумла лоихахои навбаромади аз нав сохтани генотипи одамон ё ба тарзи евгеник «такмил» додани зоти инсон); 2) бо микдори кофии озукавори, оби ошомидани ва захирахои энергетикии дастрасу арзон (аз кабили нафт), таъмин намудани ахолии зудафзояндаи чахон; 3) ба хам мутобик кар­дани дарачаи инкишофи куввахои истехсолкунандаи чамъият ва дина­микаи демографии чахон; 4) пешгирии офатхои табии (аз кабили эпидемияхои пурхатари касалихои сирояткунанда) ва ё бартараф сохтани окибати онхо.

Ходисахое, ки проблемахои маз­кур инъикоси онхоанд, ниходи муштарак доранд: онхо аз руи конуни экспоненсиалие инкишоф меёбанд, ки прогрессияи геометриро мемонад. Суръати инкишоф дар навбати худ чунон тез аст, ки охиран ба хадди мехин расида, боиси якбора «таркидан» ва катъ шудани ходиса мегардад. Чунончи, холо микдори ахолии Замин айнан аз руи конуни экспоненсиале афзуда истодааст. Агар ин ходиса минбаъд хам бо суръати хозирааш (соле ба андозаи ду фонз) сурат гирад, пас бо мурури замон шумораи ахоли аа хад афзуда масъалаи демографи хеле те­зу тунд хохад шуд.

Вазифаи илмию ичтимоие, ки ин чо cap мезанад, аз чумлаи мухимтарин проблемахои умумичахонист. Равшан аст, ки микдори ахо­лии руи замин факат то хадди муайян афзуда метавонад. Аз ин чихат вазифа аз дарёфтани роху тарики илмии инсониятпарваронаи боз доштани афзоиши якзайли ахоли ва ба низом даровардани ин чараён аст, ки бояд дар микёси тамоми чахон бо саъю кушиши умум ба амал бароварда шавад.

Ад.: Капица П. Л., Глобальные научные проблемы ближайшего будуще­го, «Вопросы философии», 1973, Н 2: Фролов И. Т., Наука и гуманистиче­ские идеалы в решении глобальных проблем, «Вопросы философии», 1979, М 6; X о з и н Г. С., Глобальные пробле­мы современности, М., 1982.

А. Турсунов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …