Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРИЗМАИ НИКОЛ

ПРИЗМАИ НИКОЛ

nicol_prisms

ПРИЗМАИ НИКОЛ, хикоя, асбоби оптикиест, ки чун поляризатор ва анализатор истифода мешавад ва аз худ факат шуоъхои хатти поляризатсияшудаи самти поляризатсияашон муайянро (ниг. Поляризатсия) мегузаронад. Соли 1828 физики англис У. Никол (W. Nicol) кашф кардааст. Онро аз шпати исланди (СаСо3) дар шакли призмаи чорруя месозанд, ки ду кунчи мукобилхобидааш 68° мебошад. Призмаро аз руи ха­те, ки ба руяи кунчаш 68° перпен­дикуляр аст, бурида ба ду хисса чудо мекунанд ва дар ду кисми хосилшударо сайкал дода, онхоро ба хамдигар бо балзами канади мечаспонанд. Азбаски нишондихандаи шикасти балзами канади аз нишондихандаи шикасти шпати исланди хурд аст, шуоъхои табиие, ки ба он тахти кунчи калонтар аз кунчи худуди меафтанд, пурра инъикос мешаванду шуоъхои дигар (шуоъхои поляриватсияшуда) аз призма нашикаста мегузаранд. Призмаи Никол дар чихози оптики истифода мешавад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …